ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 МАРТ
Соли 1937 – Анҷумани VI-уми фавқулодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки дар он тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ инъикос ёфта буд.
Соли 1967 – Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино дар соҳаи илму техника таъсис ёфт.
Соли 2016 – Шабакаи телевизиони “Варзиш” ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 2016 – Шабакаи телевизионии “Синамо” ифтитоҳ гардид.
Соли 2016 –Академияи васоити ахбори умум ба фаъоляит оғоз кард.
Соли 2018 – Дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолияти як гузаргоҳи роҳи оҳан ва ҳашт гузаргоҳи автомобилии сарҳадӣ, инчунин як посгоҳи марзӣ аз нав барқарор гардид.
Соли 2020 – Дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1919 – Мавлуди Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов, ҳунарпешаи театр ва намоишноманавис.

Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов яке аз ҳунарпешагони шоистаи музофот буда, аз соли 1940 ба ҳайси ҳунарпеша ва баъдан солҳои зиёд ҳамчун директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ фаъолият кардааст. Баъдан солҳои 1976-1979 директори Осорхонаи кишваршиносӣ ва таърихии ВМКБ буд. Ҳунарпеша 7 августи 2004 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.
Ашӯрмуҳаммадов дар саҳнаи театр як силсила нақшҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва романтикӣ офаридааст, аз ҷумла Сардор ва Қозӣ дар “Қишлоқи тилоӣ”, Ҷаллод дар “Достони Ҳофиз”, Таваккалхоҷа дар “Чинори гӯё”, Кнуров дар “Аруси беҷиҳоз”.
Ӯ ҳамчунин муаллифи песаҳо, композитсияҳои мусиқӣ ва як қатор барномаҳои консертӣ буда, асарҳои драмавии нависандагони хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Соли 1950 – Зодрӯзи Абдуҷалол Салимов, ходими давлатӣ, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Соли 1950 – Мавлуди Аслиддин Низомов, мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ.
Соли 1958 – Зодрӯзи Амриддин Кабиров, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 1962 – Мавлуди Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Азим Иброҳим, ки имрӯз вазири нақлиёти Тоҷикистон аст, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер ва номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмиллалии ашёи минералии Маскав аст.
Солҳои 1995-2002 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳо ва сипас ҳамчун муовини вазири саноати Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2004-2005 раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва солҳои 2005-2013 сардори Саридораи геология буд.
Баъдан аз соли 2013 то 2020 дар мансаби муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият намуд ва 31 августи соли 2020 вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин гардид.
Соли 1967 – Зодрӯзи Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии “Анис”.
Гурӯҳи «Анис» дар соли 1986 таъсис шуд ва панҷ бародар — Достони Азиз роҳбари гурӯҳ ва Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Абӯбакри Азиз ва Зулфиқори Азиз аъзои ин гурӯҳ буданд.
Зулфиқор Азизов, ки бо бародаронаш дар гурӯҳи овозадори “Анис” (дар ҳайати панҷ бародар) овозхонӣ мекард, дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум аз машҳуртарин овозхонони мусиқии попи Тоҷикистон гардид.
Ӯ бо аввалин сурудҳояш – “Аз ёдат ман бирафтам”, “Баҳор асту ба тоқи хонаи ман”, “Манижа”, “Модар” ва “Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед” ба дили мардуми кишвар роҳ ёфт.
Зулфиқор машҳуртарин сарояндаи хонаводаи Азизовҳо буд. Овозхонони ҷавони мусиқии попи имрӯзи Тоҷикистон Остон Азизов ва Шаҳроми Абубакр низ аз хонаводаи Азизовҳо ҳастанд.
Мавсуф 6 майи соли 2010 дар 40-солагӣ дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт.
Соли 2021 – Фотима Ғуломова ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ баъди хатми театр-студияи тоҷикии Донишкадаи давлалати ҳунари театрии Москва (ГИТИС) дар соли 1961 корро ба унвони ҳунрапешаи Театри Лоҳутӣ оғоз мекунад.
Ӯ дар намоишҳои “Бой ва ғулом”, “Шоҳ Лир”, “Рӯдакӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Мо аз боми ҷаҳон” ва ғайра нақшҳои мондагоре офаридааст.
Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов коргардони пуровозаи тоҷик ва ҳамсари нахустини Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони номошнои Тоҷикистон буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 1 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ таҷлил мегардад.

Соли 1931 бо ташаббуси чанд давлат генерал Ҷорҷ Сен-Поли фаронсавӣ дар шаҳри Париж “Ассотсиатсияи минтақаҳои Женева”-ро таъсис дод, ки ҳадафи он эҷоди минтақаҳои амн дар тамоми ҷаҳон тавассути созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гуфта мешуд. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани эътибори хадамоти дифои миллӣ дониста мешавад.
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ситоишу хушгӯйӣ (комплимент) таҷлил мешавад.

Ин ҷашн бо ҳадафи болида гардонидани рӯҳияи одамон ва хотирмон сохтани як рӯзи одамон таъсис дода шудааст. Калимаи “комплимент” аз забони фаронсавӣ гирифта шуда, маънои таъриф, эътироф, таҳсин ва эҳтиромро дорад. Бархе чунин мепиндоранд, ки хушгӯӣ метавонад риёкорона бошад, вале то куҷо воқеӣ будани он аз ихлоси шахс вобаста аст.
Шурӯъ аз соли 2002 ҳамасола 1 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии масунияти бадан (иммунитет) ҷашн гирифта мешавад.
Ин ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, ҳадафи он ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти паҳншавии бемориҳои гуногун ва дар маҷмӯъ нигоҳдорӣ ва тақвияти масунияти бадан мебошад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 1 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона-2+3º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзеноҳияҳои водӣ борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард,рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3 сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарбивилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7 гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, рӯзона 2-7º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш.Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш.Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 1+3ºгарм.
КМИР интихоботи парлумонии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард
Посух ба саволҳои маъмул дар бораи таваққуфгоҳҳои муздноки худкор
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 марти соли 2025
Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсия доданд, ки нархи истифодаи оби полезиро баланд бардоранд
Аз Душанбе то Маскав: таваққуфгоҳҳо барои мошин дар кишварҳои гуногун чӣ гуна кор мекунанд
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста