Қурби расмии рубли Русия нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз оғози ҳамин ҳафта 8,6% - аз 0,1221 барои 1 рубл дар рӯзи душанбе то ба 0,1326 сомонӣ дар рӯзи 27 феврал (дирӯз - 0,1247) боло рафт.
Рубл бори охир рӯзи 9 июни соли 2023 дар чунин сатҳ қарор дошт ва аз ҳамон замон нисбати сомонӣ ба таври назаррас беқурб мешуд.
Аз аввали соли ҷорӣ қурби сомонӣ нисбат ба рубл тақрибан дар доираи 0,110 – 0,120 сомонӣ тағйир меёфт.
Бино ба маълумоти БМТ, дар соли 2024 қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба рубли Русия ба андозаи 8,9% - аз 0,122 то 0,111 сомонӣ боло рафтааст.
Қобили зикр аст, ки болоравии қурби рубл ба даромади оилаҳои муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, таъсири мусбат мерасонад. Агар дар аввали соли равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба онҳо барои 1000 рубл 111 сомонӣ медоданд, пас имрӯз ин рақам ба 132 сомонӣ расидааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи дастури Бонки миллии Тоҷикистон, аз соли 2016 маблағи интиқол бо рубл дар муассисаҳои молиявӣ (бонкҳо) танҳо бо пули миллӣ (сомонӣ) бо мубодилаи он бо қурби муқаррашуда дар замони гирифтани пул дода мешавад.
Бино ба маълумот аз манбаъҳои гуногун, дар қаламрави Русия ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Вазъият ҳозир чӣ гуна аст?
Болоравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ дар пасманзари болоравии босуръати қурби он нисбати доллар (ба андозаи 14%) аз оғози ҳамин моҳ: қариб 100 рубл барои 1 доллар рӯзи 4 феврал то 86 рубл дар имрӯз сурат мегирад.
Асъори амрикоӣ бори нахуст аз моҳи сентябри соли 2024 дар сатҳи поинтар аз 90 рубл қарор гирифт.
Ҳадди ақалли навро аз моҳи августи соли гузашта евро ҳам нишон дод, ки қурби он барои имрӯз аз ҷониби Бонки марказии Русия дар сатҳи 90 рубл - қариб 12% поинтар дар муқоиса бо аввали моҳи феврал - муқаррар карда шудааст.
“Маълум аст, ки дар болоравии қурби рубли Русия сиёсати бузург таъсир гузошт. Дар навбати аввал, ин ҷо сари гуфтугӯи телефонии сарони кишварҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп, инчунин гуфтушуниди ҳайатҳои ду кишвар дар Арабистони Саудӣ сухан меравад, ки натиҷаҳои онро ҳам дар Маскаву ҳам дар Вашингтон мусбат арзёбӣ карданд”, - менависад нашрияи “Известия”.
Зимни суҳбат бо хабаргузории “Регнум” директори генералии ширкати “Спутник - Управление капиталом” Александр Лосев дар ин робита изҳор доштааст, ки дар ин ҷо дигар сабабҳо, аз ҷумла сирф иқтисодӣ ҳам ҷой доранд.
Ба гуфтаи ӯ, ба рубл суботи пардохтпазирӣ кумак мекунад, яъне содиркунандагон ба анҷоми амалиёт бо асъор, аз ҷумла юан имкон пайдо карда, инчунин ҳафтаи андоз ҳам наздик мешавад.
Дар ин давра, шарҳ медиҳад Лосев, содиркунандагон даромад аз асъорро барои пардохти андоз ба буҷети Русия ба рубл мубодила мекунанд, ки ин арзиши асъори миллиро тақвият мебахшад.
Агар соддатар гӯем, асъор дар кишвар зиёд гардида, аз ин рӯ, он арзон мешавад.
Ғайр аз ин, илова кардааст мусоҳиби хабаргузорӣ, бо назардошти мусбат будани бақияи Русия ҳам аз тиҷорат ва ҳам аз тавозуни пурадохт, ахиран рубл ба таври қобили мулоҳиза арзёбӣ нашуда буд.
Минбаъд чӣ мешавад?
“Моҳҳои наздик вобаста ба хабарҳо дар бораи вазъият, тағйирёбии минбаъдаи шадиди қурби рубл аз эҳтимол дур нест”, - гуфтааст ба нашрияи “Ведомости” коршиноси Совкомбонк Михаил Василев.
Онҳо аз эҳтимол дур намедонанд, ки моҳҳои наздик рубл дар доираи 10,9-12,6 барои 1 юан, 80-90 рубл барои 1 доллар ва 84-97 рубл барои 1 евро савдо мешавад.
Дар сурати пешравиҳо дар гуфтушунидҳои Русия ва ИМА оид ба ҳалли низоъ, таҳлилгар эҳтимоли болоравии минбаъдаи қурби рублро пешбинӣ мекунад: 10,9-11,6 барои 1 юан, 80-85 рубл барои 1 доллар ва 84-89 рубл барои 1 евро.
Коршиноси “Промсвязьбанк” Александр Головтсов бар ин назар аст, ки дар сурати пайдо шудани дурнамои бештар мушаххаси бекор гардидани маҳдудиятҳо, аз ҳисоби вуруди сармоя доллар муддате метавонад 85 рубл нарх дошта бошад.
Аммо, зикр мекунад ӯ, минбаъд ба қурби асъор афзоиши воридот таъсир расонида, дар давоми сол қурби рубл ба сатҳи 90-95 рубл ва болотар аз ин барои 1 доллар бармегардад. “Тавозуни содирот ва воридот яке аз омилҳои асосии макроиқтисодӣ барои ҷараёни қурби рубл боқӣ мемонад”, - илова кардааст Василев.
Бино ба арзёбии таҳлилгари “Финам” Александр Потавин, бо назардошти вазъи марбут ба тавозуни савдои Русия ва ба инобат гирифтани амалиёти ҷорӣ, арзиши доллар бояд наздики 100 рублро ташкил диҳад.
“Босуръат зиёдшавии миқдори рублҳои озоде, ки тайи се соли ахир ба муомилот бароварда шудаанд, бо мурури замон бояд қурби рублро дар сатҳи поинтар қарор диҳанд, зеро дар баробари ин, дар сохтори тавозуни савдои Русия ҷараён (динамика)-и мусбат вуҷуд надорад”, - шарҳ додааст ӯ.
Таҳлилгар бар ин назар аст, ки дар охири сол қурб метавонад дар доираи 105-107 рубл барқарор шавад.