Маркази тақсими оби “Головной” баробар тақсим шуда, Тоҷикистон ба ивази ҳиссаи гирифтааш ба Қирғизистон 750 гектар замин дод. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) дар бораи Созишнома оид ба сарҳад бо Тоҷикистон раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо муддати ду сол баҳс карда, дар натиҷа ҷониби Қирғизистон изҳор намуд, ки агар тақсим шавад, пас Тоҷикистон бояд ҷуброн кунад.

"Мо 3 обпарто (люк, шлюз)-ро ба таври баробар тақсим кардем – яъне ба ҳар яке 1,5 обпарто. Дар ивази ин, мо 500 га аз қитъаи Мунҷу-Булакро дар ноҳияи Чон-Алай (дар марзи ноҳияи Лахши Тоҷикистон) гирифтем. Ин қитъа хеле баҳснок буд. Ҳамчунин, 100 га аз қитъаи Кароал-Дон ва 150 га аз қитъаи Катта-Туз (дар марзи ҷамоати Ниёзбек, ноҳияи Конибодом) гирифтем.

Ин қитъа гоҳо аз Тоҷикистон ва гоҳо аз Қирғизистон гуфта мешуд, баҳсҳо вуҷуд доштанд. Аммо мо ҳуҷҷатҳоро санҷидем ва маълум шуд, ки ин қитъа ҳеҷ гоҳ аз Қирғизистон набуд. Бо вуҷуди ин, онро баробар тақсим кардем – 300 ба 300 га. Ҳамаи чоҳҳои нафтӣ низ баробар тақсим карда шуданд. Ба илова, аз 300 га боз 150 га замини иловагӣ гирифтем. Ҳамин тавр, агар қитъаи Катта-Туз 600 га буд, мо 450 га гирифтем. Дар ивази 1,5 обпарто дар "Головной", мо 750 га замин гирифтем", – изҳор дошт Тошиев.

Қаблан ҷониби Тоҷикистон иддаъо мекард, ки маркази тақсими об дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта, Қирғизистон онро “яктарафа” назорат мекунад.

“Мувофиқи харитаҳои солҳои 1924-1927 ва 1989, иншооти обёрии мазкур пурра дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад. Он ҳанӯз соли 1968 сохта шуда, барои анҷоми корҳои обёрӣ ва обдиҳии замини хоҷагиҳо дар шаҳру навоҳии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст”, - изҳор дошта буданд дар Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон зимни муноқишаи моҳи апрели соли 2021.

Тақсими об

Дар бораи тақсими об Қамчибек Тошиев танҳо гуфт, ки “дар бораи чӣ гуна тақсим шудани об қарордодҳо ҳастанд, лекин аз ҷузъиёти он ҳарфе назад. Шояд ӯ созишномаи ҳанӯз соли 1980-ро дар назар дошт.

Дар замони шӯравӣ тибқи Протокол аз 11 апрели соли 1980 дар бораи тақсими байниҷумҳуриявии оби рӯдхонаҳои хурд дар водии Фарғона, тақсими оби дарёи Исфара бо ҳиссаҳои зерин қабул карда шуд:

- Тоҷикистон – 55%;

- Қирғизистон – 37%;

- Ӯзбекистон – 8%.

Таърихи нуқтаи тақсими об

Қаблан собиқ раиси шаҳри Исфара, иштирокчии гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ Мирзошариф Исломиддинов ба “Азия-Плюс” дар робита ба сохтмони нуқтаи тақсими об ва ҳуҷҷатҳои он изҳор намуда буд, ки иншооти гидротехникии мазкур дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад. Шарҳи мухтасари ӯ дар ин бора:

Нуқтаи тақсими оби "Головной"
Сурат аз торнамои president.kg

“Дар нимаи даҳсолаҳои 50-ум сохтмони обанбори Торткӯл ва канал (наҳр)-и Торткӯл ба нақша гирифта шуда буд. Маҷрои канал дар баъзе ҷойҳо бояд аз қаламрави ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мегузашт.

Ва дар он замон, бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон комиссияи баробарҳуқуқ (паритетӣ) таъсис ёфт. Аз тарафи ҶШС Тоҷикистон дар комиссия муовини раиси вилояти Ленинобод Кувшинов шомил буд.

Бо сабабҳои номаълум ва натиҷаи кори комиссия чанд ҳазор гектар қаламрави ноҳияи Исфара ба Ҷумҳурии Қирғизистон пешниҳод шуд. Ҷониби Қирғизистон дар иваз бояд обанбори Торткулро ҳамчун объекти байниҷумҳуриявӣ истифода бурда, барои обёрии тақрибан 3,5 ҳазор гектар заминҳо дар ноҳияи Исфара кумак мерасонд. Аммо ин протоколи комиссия ҳукми қонунии худро пайдо накард, зеро он замон Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон онро рад кард.

Пас аз тасдиқи яктарафа ҷониби Қирғизистон кӯшиш кард, ки дар харитаҳои мавҷуда тағйирот ворид кунад, вале то охири даҳсолаҳои 70-ум Сарраёсати харитасозӣ дигаргуниҳоро дар харитаи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ворид накард, зеро ин протокол ҳукми қонунӣ надошт. Аммо дар протоколи комиссия ва дар ин тағйирот, иншооти асосии обанбори Торткӯл, ки аввали даҳсолаи солҳои 60-ум сохта шуда буд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.

Тобистони соли 1989 дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асари риоя нашудани қоидаҳои истифодаи оби рӯдхонаи Исфаринка аз ҷониби қирғизҳо ихтилофи ҷиддӣ сар зад. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ҷавобан ба амалҳои ҷониби Қирғизистон канали "Мастчоӣ"-ро баста, талаб мекарданд, ки қаламравҳои ғайриқонуниро ба Тоҷикистон баргардонанд.

Рӯзи 13 июни соли 1989 ҳудуди 3 ҳазор сокини Қирғизистон аз ноҳияи Ботканд ба деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ҳамла карданд. Муқовимат 1,5 моҳ идома ёфта, бо дахолати нерӯҳои таъиноти махсуси вилояти Перм анҷом ёфт. Дар натиҷа аз ҷониби Тоҷикистон 2 нафар кушта ва 24 кас захмӣ шуда, қуйуди шабгардӣ ҷорӣ шуд.

Комиссияи паритетӣ пешниҳод кард, ки 68 гектар замини мавзеи кӯҳистони наздики Ворух ва 18 гектар замини атрофи Хоҷаи Аъло ба Тоҷикистон супурда шавад, вале сокинони Ворух эътирофи ин қарорҳоро қотеъона рад карда, протокол аз ҷониби Тоҷикистон имзо нашуд. Кӯшишҳои тасдиқи маҷбурии созишнома аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КМ КПСС) ба туфайли раҳбарони Исфара, ки сарвари Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамовро ба гузашт накардан муътақид сохтанд, амалӣ нашуданд.

Тирамоҳи соли 1989 узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Андрей Гиренко ба минтақа омад, то ки раҳбарияти Тоҷикистонро ба имзои протокол маҷбур созад. Аммо сарвазири Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев инро қотеъона рад карда, изҳор дошт, ки: “Ман беҳтараш ба истеъфо меравам, лекин муқобили иродаи мардум кор намекунам!”. Масъалаи сарҳад мавқуф гузошта шуда, комиссияи паритетии нав, ки соли 1990 таъсис дода шуд, бинобар нооромии вазъи сиёсӣ амалан корашро қатъ кард”.

Дар маводи мо - “Ворух чӣ гуна "анклав" шуд?” маълумоти бештар муфассал дар ин бора қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.