Пас аз ду рӯз, 2-юми марти соли 2025, дар Тоҷикистон интихоботи навбатии парлумонӣ баргузор мегардад. Ин ҳафтумин интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон пас аз касби истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар интихоботи навбатии парлумонӣ 6 ҳизби сиёсӣ барои 63 курсии парлумон вориди рақобат мешаванд. Ягона ҳизби расман амалкунанда – Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот иштирок намекунад ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надодааст.

Дар арафаи интихоботи парлумонии навбатӣ, мо тасмим гирифтем, ба таърихи интихоботҳои парлумонии Тоҷикистон ва ҳизбҳои дар он ширкаткарда назар андозем, оид ба ташаккули ҳайати шаш даъвати пешини парлумон маълумот гироварӣ кунем.

 

1995. Парлумони номзадҳои мустақил

Аввалин интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 26-уми феврали соли 1995, замоне баргузор шуд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва на ҳама гӯшаву канораи кишвар ором буд.

Он вақт номзадҳо барои 181 курсии порлумон вориди рақобат шуданд. Дар корзори интихобот 4 ҳизби сиёсӣ - Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби халқии Тоҷикистон, (ҳоло Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон), Ҳизби Ваҳдати миллӣ ва ризоияти Тоҷикистон ва Ҳизби таҷдиди иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон иштирок карданд. Ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст), Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҷунбиши мардумии "Растохез" ва Ҷунбиши “Лаъли Бадахшон”, ки шомили Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон буданд, иҷозаи иштирок дар интихобот дода нашуд.

Дар интихоботи парлумонии соли 1995 номзадҳои мустақил аксариятро ташкил медод ва дар 20 ҳавзаи интихоботӣ даври дуюм (12-уми марти соли 1995) баргузор гардид.


Ҳамин тавр, натиҷаи интихобот ба тариқи зайл эълон шуд:

- Номзадҳои мустақил - 113 курсӣ,

- Ҳизби коммунисти Тоҷикистон - 60 курсӣ,

- Ҳизби Халқии Тоҷикистон - 5 курсӣ,

- Ҳизби Ваҳдати миллӣ ва ризоияти Тоҷикистон – 2 курсӣ,

- Ҳизби таҷдиди иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон – 1 курсӣ.

Бояд зикр кард, ки парлумони аввалини Тоҷикистон, ки дар он номзадҳои мустақил нерӯи аслиро ташкил медоданд, яке аз парлумонҳои озоду гуногунандеши Тоҷикистон меҳисобанд, зеро ҳайати он аз нерӯҳои гуногун ва аксаран мустақил таркиб ёфта, дар он ҳамчунин, донишмандону соҳибназарони вақт зиёд буданд. Инчунин, он даъватро “парлумони қумандонҳо” ҳам мегӯянд, зеро даҳҳо вакили ин парлумон қумандонҳои шинохтаи замони ҷанги шаҳрвандӣ буданд. 

 

2000. Аввалин интихобот дар парлумони нав

Интихоботи парлумонии соли 2000 дар Тоҷикистон дуввумин интихобот дар кишвар ва аввалин интихобот пас аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Он замон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шудаву парлумони Тоҷикистон аз ду маҷлис – миллӣ (болоӣ) ва намояндагон (поёнӣ) иборат буд. Теъдоди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 33 нафар ва теъдоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 63 нафар муқаррар гардид.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим, дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Як ҳиссаи боқимондаро раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъин мекунад. Фаъолияти ин маҷлис даъватӣ мебошад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон (22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата) тариқи интихоботи умумхалқӣ бургузида мешаванд ва фаъолияти он доимӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, интихоботи парлумонии дуюм 27-уми феврали соли 2000-ум баргузор шуд. Дар он Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва инчунин гурӯҳи номзадҳои "Мухолифини нав", ки аъзои ҳизбҳои хурду ба қайд гирифтанашуда ва баъзе номзадҳои ғайриҳизбро муттаҳид мекард (аксари онҳо номзадҳои мустақил буданд) иштирок карданд.


Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон натиҷаи интихоботро чунин эълон кард:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 36 курсӣ,

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 13 курсӣ,

Номзадҳои мустақил – 10 курсӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 2 курсӣ.

Ду курсии палумон холӣ монд. Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон натавонистанд ҳадди 5 дарсадро убур кунанд ва вориди парлумон шаванд.

 

2005. Пешсафии ҲХДТ ва коҳиши нуфузи ҲК

Сеюмин интихоботи парлумонӣ 27-уми феврали соли 2005 доир шуд. Дар он аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 61 номзад ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ 170 нафар ба қайд гирифта шуданд. Ин интихобот ҳам аз интихоботи парлумонии қаблӣ қариб ки тафовуте надошт. Ҳизбҳои иштирокдошта ҳам мисли панҷ соли пеш буд. Натиҷаи интихобот ҳам қариб мисли интихоботи қаблӣ буд, танҳо ин бор коммунистҳо ба таври назаррас курсиҳои худро ба нафъи ҲХДТ аз даст доданд.

КМИР натиҷаи интихоботро ба тариқи зайл эълон кард:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - 46 курсӣ,

Номзадҳои мустақил – 11 курсӣ,

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон - 4 курсӣ,

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - 2 курсӣ.

Ин бор ҳам Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон натавонистанд ҳадди 5 дарсадро убур кунанд ва вориди парлумон шаванд.

 

2010 Ҳизби зиёд, эътирози “гӯшакӣ” ва адами рақобати воқеӣ

Чаҳорумин интихоботи парлумонӣ 28-уми феврали соли 2010 баргузор шуд.  Да ин интихобот теъдоди ҳизбҳои сиёсӣ бештар аз ҳар вақти дигар буд, аммо натиҷаи он аз интихоботи қаблӣ чандон фарқ намекард. Боз ҳам курсиҳои бештарро ҲХДТ соҳиб шуд ва сафи коммунистон дар парлумон кам гардид. Аммо ду ҳизби навтаъсиси дигар – Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бори аввал тавонистанд вориди парлумон шаванд. Дар умум, панҷ ҳизби сиёсӣ тавонистанд вориди парлумон шаванд.


КМИР натиҷаи интихоботро ба тариқи зайл эълон кард:

Ҳизби халқӣ-демократӣ – 54 курсӣ,

Ҳизби наҳзати исломӣ – 2 курсӣ,

Ҳизби коммунистӣ – 2 курсӣ,

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 2 курсӣ,

Ҳизби аграрӣ – 2 курсӣ,

Номзади мустақил – 1 курсӣ.

Боз ҳам Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон натавонистанд марзи 5 дарсадро убур кунанд ва вориди парлумон гарданд. Ҳамчунин, боз як ҳизби навтаъсиси дигар Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳам натавонист вориди парлумон шавад.

Яке аз хотирмонтарин ҳодисаи ин интихобот эътирози “гӯшакӣ”-и ҲНИТ буд, ки гуфт, дар интихобот тақаллуб густарда буд ва эҳтимол чун нишони эътироз вакилонашро ба парлумон ворид насозад, аммо баъдан ду узви ин ҳизб панҷ сол дар парлумон фаъолият карданд.

 

2015. Ибтидову интиҳо

Панҷумин интихоботи парлумонӣ 1-уми марти соли 2015 баргузор гардид. Дар он мисли панҷ соли пеш боз ҳам 8 ҳизби сиёсӣ иштирок карданд, аммо бо фарқ аз солҳои пеш теъдоди ҳизбҳои вориди парлумоншуда зиёд гардид. Ин бор 6 ҳизби сиёсӣ вориди парлумон шуданд.

Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон бори авал тавонистанд аз вориди парлумон гарданд. Лекин бо фарқ аз се интихоботи қаблӣ ҲНИТ бори аввал натавонист марзи 5 дарсадро убур кунад ва ҳеҷ як номзади он вориди парлумон нашуд.


КМИР натиҷаи интихоботро ба тариқи зайл эълон кард:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 51 курсӣ,

Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ,

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3,

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 2 курсӣ,

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсӣ,

Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1 курсӣ.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мисли интихоботи қаблӣ натавонист вориди парлумон шавад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошад, пас аз чанд моҳи ин интихобот террористӣ ва экстремистӣ эълон гардид ва даҳҳо аз роҳбару узви он бо иттиҳоми гуногун равонаи зиндон шуданд. Роҳбари он бо як гурӯҳ ҷонибдорону аъзоёни дигараш аз Тоҷикистон фирор карданд. Ва ин охирин иштироки ҲНИТ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон буд.

 

2020. Аввалин ҷиноҳи ғайри ҲХДТ

Шашумин интихоботи парлумонӣ ҳам 1-уми марти соли 2020 баргузор шуд. Дар ин интихобот 7 ҳизби сиёсӣ иштирок карданд ва намояндагони 6 ҳизб вориди парлумон шуданд. Бори аввал дар парлумони ин даъват Ҳизби аграрии Тоҷикистон соҳиби курсии зарурӣ барои ташкили ҷиноҳи худ шуд.


КМИР натиҷаи интихоботро ба тариқи зайл эълон кард:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон -  47 курсӣ,

Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 7 курсӣ,

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 5 курсӣ,

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 2 курсӣ,

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсӣ,

Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1 курсӣ.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ягона ҳизбе буд, ки натавонист марзи 5 дарсадро убур кунад ва вориди парлумон шавад. Аз ҳавзаҳои якмандата ҳам касе аз номзади ин ҳизб муваффақ нашуд, ки соҳиби курсии парлумон гардад.

 

10 ҳизб – 9 ҳизби парлумониву 1 ҳизби аз курсии парлумон бенасиб

Дар умум, шурӯъ аз соли 1995 то соли 2020, дар шаш интихоботи парлумонии Тоҷикистон 10 ҳизби расман сабтиномшуда ва ҳуқуқи иштирокдошта вориди корзори интихобот шуда, дар даъватҳои гуногун ва бо теъдоди гуногун, номзадҳои 9 ҳизби сиёсӣ вориди парлумон шудаанд.

Ягона ҳизби сиёсие, ки ҳеҷ як аз номзади он ва ҳеҷ гоҳ вориди парлумон нашудааст, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб дар интихоботи парлумонии ҳафтуми Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ баргузор мегардад, на аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва на аз ҳавзаҳои якмандата номзадии касеро барои рақобат пешниҳод накардааст ва амалан аз иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ худдорӣ намудааст. Аммо роҳбарияти ин ҳизб, расман мавқеи худро дар бораи интихоботи парлумонии соли 2025 рӯшан накардаанд.


 

Назорат ва тавсифу интиқод

Интихоботҳои парлумонии Тоҷикистонро ҳамеша аз сӯйи нозирони дохиливу созмонҳои байналмилалӣ назорат шудааст. Дар аксар ҳолат нозирони дохилӣ аз ҷараёни интихобот ё тавсиф кардаанд ва ё ҳадди ақал интиқоди қобили мулоҳиза накардаанд. Нозирони байналмилалие мисли нозирони ИДМ ё СҲШ ҳамеша аз интихоботҳои баргузоркардаи Тоҷикистон тавсиф кардаанд.

Аммо нозирони байналмилалӣ, махсусан САҲА ҳамаи интихоботҳои баргузоркардаи Тоҷикистонро номувофиқ ба меъёри демократӣ, ғайришаффоф ва ғайриозод муаррифӣ кардааст. Имсол ин ниҳоди байналмилалӣ интихоботи Тоҷикистонро бори аввал ба таври густарда назорат намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.