Дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва 28-уми март интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми декабри соли 2024 содир шуд.
Интихоботи парлумони дар Тоҷикистон, ки аз ду палата иборат аст, дар 5 сол як маротиба баргузор мешавад.
Интихоботи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аз 63 нафар иборат аст, тавассути овоздиҳии мустақим дар 41 ҳавзаи интихоботӣ дар саросари кишвар ва ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб мешавад. Тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ 22 вакил соҳиби курсӣ дар Маҷлиси намояндагон мешавад.
Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.
Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.
Ёдовар мешавем, ки охирин интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми марти соли 2020 баргузор гардид ва дар он аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аксари курсиҳои вакилони парлумонро соҳиб шуда буданд.
Избивал до полусмерти, насиловал при детях, домогался 6-летней дочери
Журнал Time назвал Дональда Трампа человеком года
«Экзотические» марки автомобилей: какие они и почему о них почти никто не знает?
В Казахстане засекретят сведения о жизни Назарбаева
США выделили третий с начала декабря пакет военной помощи Украине на 500 миллионов долларов
Как ситуация в Сирии отразится на Центральной Азии: угрозы и вызовы
Компания Huawei представила новый складной смартфон и другие флагманские устройства на презентации в Дубае
Telegram за год заблокировал более 15 млн каналов с запрещенным контентом
В Таджикистане появится бизнес-омбудсмен
HONOR представляет совершенно новый HONOR X9c
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста