Қитъаи Чоркӯча (ба қирғизӣ Торт-кочо), ки 253,74 метр дарозӣ ва дар маҳалли пайвастшавии роҳҳои Ош—Раззоқов ва Исфара—Ворух қарор дорад, ба минтақаи бетараф табдил меёбад, гуфт Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти милли (КДАМ)-и Қирғизистон зимни муаррифии лоиҳаи Созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон дар парлумони кишвараш.

"Онҷо пул ҳаст, ки он ба тарафи Қирғизистон монд. Барои мувофиқа кардани як пул мо шаш моҳ музокира кардем. Зеро қитъаи заминро онҳо ҷудо карданд, вале пулро мо сохтем. Атрофи пуле, ки 20 метр дарозӣ дорад, 6 моҳ музокира давом ёфт. Вале дар натиҷа мо ин пулро гирифтем, зеро он барои мо аҳамияти стратегӣ дорад. Ҳамаи сокинони ноҳияи Ботканд ва Лайлак аз ин пул истифода мекунанд", — изҳор дошт Қамчибек Тошиев.

Ба гуфтаи ӯ, паҳнои роҳ 10 метр ва дар ҳарду тараф 15 метр хати амниятӣ хоҳад буд.

"Дар созишномаҳои байналмилалӣ чунин мақоми бетарафӣ вуҷуд дорад. Ҳар ду кишвар истифода хоҳанд бурд, мисли пештара, дигар ҳеҷ кас наметавонад ин қитъаро бандад", — илова кард ӯ.

Дар аввали соли 2009 Тоҷикистон ин қитъаи заминро ба Қирғизистон барои 49 сол бо маблағи рамзӣ ба иҷора дода буд, ки барои сохтмони роҳ пешбинӣ мешуд. Протоколи иҷора дар асоси банди 5-уми Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи тақсими мутақобилаи қитъаҳои замин аз 18 майи соли 2005 ба имзо расидааст. Қирғизистон роҳро таъмир карда ва пул сохт.

Дар солҳои охир Қирғизистон, махсусан Содир Жапаров, раиси ҷумҳури ин кишвар чанд маротиба протоколи мазкурро зери шубҳа қарор дод. Ва дар моҳи сентябри соли гузашта Адахон Мадумаров, вакили парлумон ва раҳбари ҳизби "Бутун Қирғизистон" боздошт шуд. Маҳз ӯ, ки дабири вақти Шӯрои амнияти Қирғизистон буд, протоколи иҷораи ин қитъаро имзо карда буд. Тибқи иттилои расонаҳо, ӯ ба “хиёнат ба давлат” ва “қаллобӣ” мутаҳҳам мешуд. Моҳи марти 2024 додгоҳ ӯро дар асоси ин айбномаҳо гунаҳкор эълон кард, аммо ба сабаби гузашти муҳлати даъво ҷазо таъйин накард.

Қитъаи "Торт кочо"
Акс аз kyrtag.kg

Он замон коршиносон бар ин назар буданд, ки боздошти шахсе, ки протоколи иҷораи замин аз Тоҷикистон ба Қирғизистонро имзо карда буд, ба он маъно аст, ки кишвари ҳамсоя мехоҳад собит кунад, ки ин санад қувваи қонунӣ надорад.

 

Таърихи роҳ

То соли 2010 деҳаи Самарқандаки ноҳияи Ботканд ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки дар минтақаи мураккаби ҷуғрофӣ қарор доранд, роҳе, ки онҳоро бо дигар қисматҳои Қирғизистон пайваст кунад, надоштанд. Сокинон барои сафар ба Ботканд ва баргашт ба роҳи автомобилгард, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дошт, тавассути шаҳракҳои тоҷикии Чоркӯҳ ва Сурх мерафтанд ва марзро дар постгоҳи марзии "Тангии Сурх" убур мекарданд.

Дар миёнаи соли 2004 ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи аҳамияти сохтмони хати интиқоли барқи (ЛЭП)-220 аз постгоҳи "Айгул-Таш"-и вилояти Ботканд ба постгоҳи "Конибодом"-и вилояти Суғд ва сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Ош-Исфана тавассути қаламрави Тоҷикистонро имзо карданд. Барои ин иншоот заминҳои муштарак ҷудо карда шуд.

Дар соли 2005 созишномаи байниҳукуматӣ имзо шуд ва Тоҷикистон хати интиқоли барқ (ЛЭП)-220-ро дар мӯҳлати кӯтоҳ сохт. Вале тарафи Қирғизистон дар муддати 2-3 сол сохтмони қитъаи роҳи Исфана-Ош тавассути қаламрави Тоҷикистонро оғоз накард.

Пас аз ин, тарафи Қирғизистон тасмим гирифт, ки қарорро дар бораи сохтмони қитъаи роҳ аз постгоҳи марзии "Тангии Сурх" тағйир диҳад ва сохтмони роҳро дар канали Чоргул (Тортгул), ки дар маҳаллаи Зарафшон дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст, оғоз кард.

Онҳо лоиҳаи протоколи таъмини иҷора барои 275 метр қитъаи замини Тоҷикистонро бо шартҳои рамзӣ барои 49 сол ба имзо расониданд, ки дар он роҳи хос ва пуле, ки дар солҳои 1980-ум аз ҷониби совхози "Иттифоқ"-и ноҳияи Исфара сохта шуда буд, воқеъ аст.

Тоҷикистон дар авоили соли 2009 дар ниҳоят розӣ шуд, ки ин қитъаи заминро барои сохтмони як қитъаи роҳ ба Қирғизистон ба иҷора диҳад. Қирғизистон дар замини ба иҷора гирифта роҳу пулро аз нав барқарор карда, деҳаи Самарқандак ва вилояти Лайлак, ки аслан дар бунбасти иртиботӣ буданд бо дигар минтақаҳои вилояти Бодканд пайваст кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.