Созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз (RSF) баъзе ҷузъиёти парвандаи рӯзноманигори ҷавони тоҷик Рухшона Ҳакимоваро ошкору ҳукми 8 соли зиндони варо маҳкум карда, аз Тоҷикистон талаб намудааст, ки ӯро озод кунад. Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” зиндонӣ гардид.
Ба гуфтаи гузоришгарон, Рухшона Ҳакимова рӯзи 16-уми июли соли 2024 дар назди манзилаш дар шаҳри Душанбе бидуни ҳукми додгоҳ дастгир шуда, тақрибан 12 соат бидуни дастрасӣ ба вакили мудофеъ бозпурсӣ гардидааст.
“Дар набудани Рухшона Ҳакимова манзили ӯро кофтуков карда, таҷҳизоти касбӣ, шиноснома ва кортҳои бонкиашро бидуни пешниҳоди ҳукми расмӣ мусодира кардаанд”, - навиштааст RSF.
Ба навиштаи созмон, Рухшона Ҳакимова барои анҷоми як назарсанҷӣ дар бораи нуфузи Чин ва кумакҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз нашр нашудааст, бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” тақрибан як моҳ боз дар зиндон ранҷ мекашад.
“Бо ин вуҷуд, ҳеҷ далеле нишон намедиҳад, ки кори ӯ ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад”, - таъкид кардааст Гузоришгарони бидуни марз.
RSF зикр кардааст, ҳамин пурсиш, ки барои як пажӯҳишгоҳи мустақили тадқиқотӣ омода шудааст, дар чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ бидуни ягон оқибати ҳуқуқӣ гузаронида шуд, вале Тоҷикистон барои ин кор ҳукми зиндон содир кард.
Гузоришгарони бидуни марз мурофиаи пушти дарҳои баста ва муҳри махфии парвандаро далели ношаффоф гузаштани тафтишот ва ҳукми додгоҳ дониста, мусодираи дороиҳои рӯзноманигорро “фишор болои хонаводаи ӯ” номидааст.

“Муҳокимаи ношаффоф ва ҳукми ноодилона”
Жанна Кавелиер, роҳбари бахши Осиёи Миёнаи Гузоришгарони бидуни марз гуфтааст, “тафтишоти парвандаи Рухшона Ҳакимова бо қонуншиканиҳо сурат гирифта, мурофиаи додгоҳии ӯ ноодилона баргузор шуд”.
“Мурофиаи моҷароҷӯёнаи ӯ бо ҳукми хеле вазнин нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон азми қатъии ҳама садоҳои мустақилро дар пешорӯи интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе, ки дар фазои бидуни гуногунандешии сиёсӣ ва расонаӣ баргузор мешавад, хомӯш кунанд. RSF аз рӯзноманигор пуштибонӣ, иттиҳоми алайҳи варо рад ва аз додгоҳ даъват мекунад, ки ӯро фавран озод кунад”, - гуфтааст Жанна Кавелиер.
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Ассотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ҳам ба Гузоришгарони бидуни марз гуфтааст, ки “ҳукми сангине, ки нисбати ҳамкорамон Рухшона Ҳакимова содир шудааст, бояд аз тариқи кассатсионӣ баррасӣ карда шавад ва парвандаи ҷиноӣ бояд аз нав бозбинӣ гардад, зеро тафтишот зери муҳри махфӣ, мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифтааст, ки таъмини адолати додгоҳии рӯзноманигорро номумкин мегардонад”.
Қаблан, Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар масоили Осиёи Марказӣ, ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова вокуниш карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ба озодии баён эҳтиром гузошта, даст аз таъқиби журналистон бардоранд.
Ба гуфтаи Гузоришгарони бидуни марз, чанд соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 9 рӯзноманигор бо баҳонаи таҳдидҳои амнияти миллӣ ё “фасод” ба мӯҳлатҳои сангин маҳкум ба зиндон шудаанд, ки нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аст.

Рухшона Ҳакимова чаро зиндонӣ шуд?
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардид.
Бар зидди Рухшона Ҳакимова моҳи июни соли 2024 парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Ҳукми ӯ вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Бисёре аз корбарон, бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхӯр доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.
Раиси нави Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.
Вакили дифои Рухшона Ҳакимова рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят карда, бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Рухшона Ҳакимова фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз карда дар як қатор расонаҳо, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон кор кардааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Чанд расонаи мустақил, аз ҷумла “Азия-Плюс” аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд
Роҳи Ворух мақоми бетараф мегирад. Тафсилоти созишномаи марзӣ бо Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста