Дар километри 80-уми роҳи Душанбе-Чаноқ як мошини тамғаи “Mercedes Benz” (спринтер) зери тарма монда, дар натиҷа ронанда ҷон бохтааст. Ин хабарро аз ширкати IRS тасдиқ карда гуфтанд, ҳодиса рӯзи 26-уми феврал дар мавзеи Зимарғи ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст.
Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, баъди муроҷиати пайвандони ронанда наҷотдиҳандагони ин ширкат ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи водии Зарафшон як рӯз баъд, 27 феврал ҷасадро аз дохили мошин берун кардаанд.
Аз ронандаи мошин Шӯҳрат Муминов ном бурда мешавад, ки сокини 38-солаи деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Варзоб будааст. Гуфта мешавад, ӯ дар воситаи нақлиёт танҳо будааст.
Қаблан, 25 феврали соли ҷорӣ як мошин дар ин роҳ зери тарма монда, дертар мусофиронро наҷот дода буданд. Гуфта мешуд, танҳо субҳи он рӯз дар роҳи Душанбе-Чаноқ 14 тарма фаромадааст.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии обуҳавошиносӣ шаҳрвандонро аз номусоидии ҳаво ва фаромадани тарма дар масирҳои муайян огоҳ карда буд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба мусофирон ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи кӯҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма соатҳо ва ҳатто рӯзҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста