Осиёи Марказӣ ба буҳрони афзояндаи об дучор аст, ки сабаби асосии он истифодаи ғайриоқилонаи онмебошад. Захираҳои оби минтақа дар заминаи тарифҳои пасттарини об дар ҷаҳон рӯз ба рӯз коҳиш меёбанд. Коршиносон огоҳ мекунанд, ки то соли 2028 камбуди об метавонад доимӣ шавад ва ягона роҳи ҳал барои ин мушкил баланд бардоштани ҳаҷми таърифаҳо (тарифҳо) аст.
Станислав Притчин, мудири бахши Осиёи Марказии Институти тадқиқотии иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия дар ҳамоише дар робита ба тағйироти иқлим ва мушкилоти истифодаи об дар Осиёи Марказӣ рӯзи 18-уми феврали соли 2025 дар Бишкек гуфтааст, ки арзиши об дар Осиёи Марказӣ яке аз пасттарин дар ҷаҳон мебошад.
Барои муқоиса, дар Русия арзиши як метри мукааби об 49 сент буда, дар баъзе кишварҳои рушдёфта ин нарх якчанд доллар аст. Аммо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин маблағ базӯр ба 10-15 сент мерасад, ки тасаввури нодурусти истифодаи обро ҳамчун захираи беохир ташаккул медиҳад.
Дар шароити чунин нархҳои паст, корхонаҳои кишоварзӣ ва хонаводаҳо ба сарфаи об ҳавасманд нестанд, ки ба истифодаи ғайриоқилонаи он боис мегардад.
Масалан, истеъмоли об ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон дар як сол 1895 м³-ро ташкил медиҳад, ки ин хеле зиёдтар аз нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар Қазоқистон ин нишондиҳанда пасттар аст (1310 м³ барои як нафар), аммо ҳамоно баланд боқӣ мемонад.
Маълумоти зикршуда аз зарурати рӯйи даст гирифтани тадбирҳо барои маҳдуд кардани афзоиши истеъмол (истифода) гувоҳӣ медиҳанд.

Боло бурдани таърифаҳо ҳамчун роҳи ҳалли мушкилот
Яке иқдомҳои имконпазир барои ҳалли мушкили об дар Осиёи Марказӣ боло бурдани тарифҳо барои об аст, ки аллакай дар баъзе кишварҳои минтақа сурат гирифтааст.
Дар Тоҷикистон соли 2024 тарифҳо барои оби обёрӣ 150% боло рафтанд. Ин як иқдоми муҳим дар самти ҳавасмандсозии истифодаи бештар оқилонаи захираҳои обӣ ва беҳтар кардани ҳолати инфрасохтор шуморида мешавад.
Тибқи маълумоти соли 2025, дар Ӯзбекистон 1 метри мукааби об барои обёрӣ 0,15 сент, Тоҷикистон - 0,05 сент ва Қазоқистон - 0,14 сент нарх дорад. Сарфи назар аз болоравӣ, ин нархҳо ҳоло ҳам хеле паст боқӣ монда, воситаҳои кофӣ барои таъмиру навсозии шабакаҳои обрасон ва обёриро таъмин намекунанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки боло бурдани тарифҳо ҳамчунин бояд ба ҷалби сармоягузорони хусусӣ ба соҳаи об мусоидат намуда, ба таъмиру навсозии зерсохтори кӯҳнашуда имкон диҳад. Мушкили таъминоти об дар кишварҳои ОМ ба талафоти техникии марбут ба пойгоҳҳои обкашии фарсудашуда ва каналҳои шоҳроҳӣ, ки ба таъмири асосӣ ниёз доранд, вобаста аст.
Болоравии тарифҳо бояд хароҷоти дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва таъмиру навсозии иншооти мазкурро рӯйпӯш намояд.

Хавфу пайомадҳои боло бурдани таърифаҳо
Ҳарчанд боло бурдани тарифҳо барои об як тадбири муҳим барои таъмини устувории молиявии корхонаҳои таъмини об аст, лекин он метавонад хавф ва пайомадҳои манфии эҳтимолӣ дошта бошад.
Яке аз хавфҳои асосӣ афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ аст. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи даромади аҳолӣ паст буда, баланд бардоштани нархҳо барои об метавонад мушкилоти иқтисодӣ, махсусан барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро, ки аз оби обёрӣ вобастаанд, шадидтар созад.
Масалан, дар Тоҷикистон, ки маоши миёна пасттар аз кишварҳои ҳамсоя аст, болоравии нархҳо барои оби обёрӣ метавонад норозигии фермеронро ба бор орад.
Боло бурдани тарифҳо барои оби обёрӣ метавонад барои корхонаҳои кишоварзӣ, махсусан дар шароити иқлими ноустувор, сарборие ба вуҷуд орад. Ин метавонад ба ҳосилнокӣ таъсир расонад, бахусус дар кишварҳое, ки бахши кишоварзӣ асоси иқтисоди онҳоро ташкил медиҳад.
Далелҳо
1. Пешгӯии камбуди об:
То соли 2028 дар Осиёи Марказӣ камбуди об метавонад доимӣ то 5-12 километри мукааб шавад, ки ба буҳрон дар бахши кишоварзӣ, саноат ва энергетика боис мегардад.
2. Инфрасохтори таъминот бо об:
Фарсудашавии техникии зерсохтори таъминот бо об то 80%-ро ташкил медиҳад.
Талафоти об дар шабакаҳои обтақимкун то ба 55-60% мерасад.
3. Сарфаи об:
Истифодаи самараноки захираҳои об ва замин метавонад то 60% обро бидуни зарар ба бахши кишоварзӣ сарфа кунад.
4. Истеъмоли об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ:
Туркманистон: 5 319 м³/сол ба ҳар сари аҳолӣ.
Ӯзбекистон: 2 295 м³/сол.
Қирғизистон: 1 989 м³/сол.
Тоҷикистон: 1 895 м³/сол.
Қазоқистон: 1 310 м³/сол.
5. Талафоти об дар каналҳо (наҳрҳо)-и обёрӣ:
Талафот дар каналҳои обёрӣ 20-25 млрд метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад.
Аз Душанбе то Маскав: таваққуфгоҳҳо барои мошин дар кишварҳои гуногун чӣ гуна кор мекунанд
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста