Дар бораи чӣ гуна дуруст истифода бурдани таваққуфгоҳҳои муздноки худкор саволҳо ба миён омаданд? Ба саволҳое, ки бештар пурсида мешаванду маъмуланд, посух медиҳем.
Ба маъмултарин саволҳое, ки аз ҷониби корбарони таваққуфгоҳҳои муздноки худкор дода мешаванд, посух медиҳем. Саволҳо бештар ба масоили рӯзмарра, аз ҷумла чӣ кор кардан дар рӯзҳои истироҳат ва пешбинӣ шудани ҷорисозии пардохт тариқи ҳамёнҳои дигар бонкҳо дахл доранд.
Ман барои 2 соат маблағи таваққуфгоҳро пардохт кардам, лекин ҳамагӣ 1 соат истифода бурдам. Маблағи боқимондаро чӣ гуна истифода кардан мумкин аст?
Агар Шумо барои 2 соат пардохт карда бошеду 1 соат дар таваққуфгоҳ истода бошед, пас то охири ҳамин рӯз Шумо имкон доред, ки боз 1 соат аз таваққуфгоҳ истифода баред.
Оё тариқи ҳамёнҳои дигар бонкҳо низ пардохт ҷорӣ мешавад?
Айни замон пардохтро бо ёрии замимаҳои мобилии DC Next, “Эсхата Онлайн”, ва “Фаврӣ” аз “Коммерс Бонк” анҷом додан мумкин аст. Ҳамчунин ҳамкорӣ бо дигар бонкҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Агар Шумо замимаҳои зикршударо истифода набаред, дар сомонаи www.neru.tj метавонед бо ёрии “Корти миллӣ”-и ҳама гуна бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт кунед.
Агар ҷаримаҳоро пардохт накунӣ, чӣ мешавад?
Агар ду ва зиёда аз он ҷаримаҳо пардохт нашаванд, мошини шуморо метавонанд ба ҷаримагоҳ баранд.
Маблағи аз ҳисоби таваққуфгоҳҳои муздноки худкор ҷамъшуда куҷо мераванд?
Мувофиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҶТ ва ширкати ҶДММ "Нет Солюшенс", пулҳои ҷамъшуда миёни ҳукумати ҶТ ва ширкат тақсим карда мешаванд. Ин маблағҳо барои баргардонидани пулҳои сармоягузорӣ ва амалисозии муваффақонаи минбаъдаи лоиҳа равона мешаванд.
Дар рӯзҳои истироҳат чӣ кор кардан лозим аст, зеро таваққуфгоҳҳо танҳо шабона бепул аст?
Махсус барои бароҳатии сокинони шаҳри Душанбе абонеметҳо роҳандозӣ шуданд. Маълумоти муфассал дар ин бора дар аккаунти @neru.tj дастрас буда, ҳамчунин метавонед бо рақами 7788 ба маркази тамос занг занед.
Сокинони хонаҳои наздик бояд чӣ кор кунанд? Онҳо мошинҳои худро дар куҷо гузоранд?
Канори роҳ барои таваққуфи дарозмуддат мувофиқ нест. Сокинони хонаҳои наздик бояд таваққуфгоҳи худро дошта бошанд. Ҳамчунин барои Шумо абонементи “Хонаи ман” дастрас аст, ки барои таваққуфи дарозмуддат дар назди хонаатон мувофиқ аст. Маълумоти муфассал дар бораи абонементҳо дар аккаунти @neru.tj қобили дарёфт аст.
То соати 22:00 дар рӯзҳои корӣ сокинони хонаҳои наздик бояд чӣ кор кунанд?
Барои бароҳат будани таваққуф дар назди хона метавон абонементи “Хонаи ман”-ро харидорӣ намуд. Он бо нархҳои гуногун ва муҳлати амали гуногун пешниҳод мешавад. Барои ин пешакӣ ҳуҷҷатҳои заруриро боргузорӣ кардан лозим аст.
Дархости манро дар бораи ҷарима қабул карданд, лекин дигар ба ман ҷавоб надоданд. Чӣ кор бояд кард? Ин маънои онро дорад, ки ҷаримаи ман бекор намешавад?
Агар дархости Шумо қабул шуда бошад, пас дар муддати 14 рӯзи корӣ ҷаримаи Шумо баррасӣ мешавад.
Дар бораи болоравии нишондиҳанда барои ҳисоб чӣ гуфтан мумкин аст?
Ҳаҷми ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёд шуд. Ин ба он вобаста аст, ки соли 2025 маблағи нишондиҳанда барои ҳисоб аз 72 сомонӣ то ба 75 сомонӣ зиёд карда шуд. Бар асоси ин қарор соли 2026 ҳаҷми андозу боҷ ва ҷаримаҳо, аз ҷумла барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, боло рафт.
Рақами автомашинаро чӣ гуна дуруст ворид кардан мумкин аст?
Ҳангоми пардохти маблағи таваққуфгоҳ ворид намудани рақами автомашина, силсила (лотинӣ) ва минтақа зарур аст. Масалан: 1234WZ01. Дар саҳифаи neru.tj видеои муфассал доир ба дастури чӣ гуна иҷро кардани он гузошта шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 марти соли 2025
КМИР интихоботи парлумонии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 марти соли 2025
Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсия доданд, ки нархи истифодаи оби полезиро баланд бардоранд
Аз Душанбе то Маскав: таваққуфгоҳҳо барои мошин дар кишварҳои гуногун чӣ гуна кор мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 марти соли 2025
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста