Дар пайи як овоздиҳие, ки имрӯз, 30-юми ноябр, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд, фохтак – мусича, ки қумрӣ ҳам мегӯянд, парандаи соли 2024 дар кишвар интихоб гардид.
Бояд гуфт, ки 4 навъи ин паранда мавҷуд аст: фохтаки калон, хурд, муқаррарӣ ва ҳалқадор. Дар Тоҷикистон ҳар чор навъи ин паранда мавҷуд буда, пештар фохтаки муқаррарӣ бештар буд. Ҳоло раванди афзоиши фохтаки ҳалқадор мушоҳида мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки шурӯъ аз соли 2007 дар Тоҷикистон тариқи овоздиҳӣ парандаи сол интихоб мешавад.
Соли ҷорӣ парандаи сол саъба интихоб гардида буд.
Солҳои пеш кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазавр, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳутҳут, шоҳин, парасту (фароштурук), уқоб ва заргулдор парандаи сол интихоб шуда буданд.
Бояд гуфт, ки интихоби парандаи сол барои фароҳам овардани заминаи муносиб ҷиҳати афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат мекунад.
Таджикистан в 2024 году заметно увеличил выпуск первичного алюминия
В Пуэрто-Рико задержали нелегальных мигрантов. Среди них есть и граждане Таджикистана
ЕС и ВОЗ высоко оценивают прогресс Таджикистана в секторе здравоохранения
Таджикистан сократил выпуск цемента из-за роста его производства в Узбекистане
Как в Таджикистане зарабатывать, помогая?
Талибы закрыли единственную в Афганистане женскую радиостанцию
Таджикские специалисты подготовились к борьбе с нашествием саранчи
«Устод был немного болен». В Национальной академии наук Таджикистана объяснили, почему не отметили 85-летие Акбара Турсона
До 5 лет тюрьмы: в Казахстане определились с наказанием за кражу невест
Насладитесь моментом с напитками от «АРК Саноат»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста