Муштзани тоҷик (63,5 кг) Баҳодур Усмонов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои Олимпӣ дар Италия бар муштзани Ҷопон Нишияму Шион бо ҳисоби 3:2 дастболо шуда, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии-2024 дар Париж иҷозатнома дарёфт кард.
Асрор Воҳидов (57 кг) дар даври 1/8 финалӣ намояндаи Озарбойҷон Умед Рустамовро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар сурати пирӯзӣ Асрор низ ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегирад. Намояндагони дигари Тоҷикистон аз рақобат барои роҳхатҳо маҳрум шуданд.
Дар Бусто-Арситсио (Италия) аввалини Мусобиқаи ҷаҳонии олимпӣ оид ба бокс ҷараён дорад. Дар мусобиқа 632 варзишгар (339 мард ва 233 зан) аз 112 кишвар, инчунин дастаи паноҳандагон иштирок доранд.
Дар ин мусобиқа дар 13 вазн (7 миёни мардон - 28 иҷозатнома, 6 миёни занон - 21 иҷозатнома) 49 роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж дарёфт мешавад.
Аз ҷумла, миёни занон варзишгароне, ки дар ҳамаи вазнҳо ба даври нимфиналӣ мебароянд - 4 нафарӣ дар ҳар кадоме аз вазнҳо, ба ҷуз 57 кг (2 нафар) ва 60 кг (3 нафар), ба Париж роҳхат мегиранд.
Мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарони зерин иборат аст: Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг), Асрор Воҳидов (57 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг).
Даври дуюм ва интихобии охирин ба Бозиҳои олимпӣ моҳи май дар Бангкок ба нақша гирифта шудааст. Қаблан Тоҷикистон 2 роҳхати олимпӣ гирифт, ки муштзанон Миҷгона Самадова (57 кг) ва Давлат Болтаев (92 кг) ба даст оварданд.