Низои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси баста гардидани сарҳад гашт, барои донишҷӯёни ду кишвар мушкилҳои зиёд ба бор овард. Теъдоде аз онҳо наметавонанд солҳо ба ватан, назди волидонашон раванд – аз хатари баргашта натавонистан ба маҳалли таҳсил ҳарос доранд. Теъдоде ҳам ба ватан баргаштаву бо мушкили идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвари худ рӯбарӯ шудаанд.
“Додари навзодамро дар Тошканд дидам”
Ойгул Достонқулова (ному насаби қаҳрамон иваз шудааст), донишҷӯи қирғизистонӣ аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) таҳсил мекунад. Пас аз низои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва баста шудани сарҳад миёни ду давлат, беш аз чор сол аст, наметавонад ба ватан, назди волидонаш равад ва маҷбур аст, бо онҳо дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мулоқот кунад. Ӯ ҳарос дорад, ки пас аз сафар ба ватан, дигар наметавонад ба Тоҷикистон баргардад ва таҳсилашро ба поён расонад.
“Зодаи вилояти Бодканд ҳастам ва бо сабаби наздикии роҳ, барои таҳсил ДДХ-ро интихоб кардам. Соли 2020 таҳсилро оғоз кардам, ки аз сабаби пандемияи коронавирус карантин эълон шуд. Баъди як сол муноқишаҳои сарҳадӣ рух доданд ва марз баста гардид. Аз ҳамон сол инҷониб ба ватанам нарафтаам”, - мегӯяд Ойгул Достонқулова.
Ӯ нақл мекунад, ки дар ин миён модараш фарзанд таваллуд кард, аммо ӯ, ҳарчанд зиёд мехост, натавонист ба дидори додари навзодаш ба ватан равад. Ойгул роҳи ҳал пайдо кард ва он ҳам мулоқот дар кишвари сеюм – шаҳри Тошканди Ӯзбекистон.
“Чун модарам зодаи Ӯзбекистон аст, хоҳиш кардам ба Тошканд равад ва ман ҳам аз Хуҷанд ба пойтахти Ӯзбекистон рафтам. Ҳарду он ҷо во хӯрдем ва ман додари навзодамро бори аввал он ҷо дидам”, - таъкид мекунад Ойгул Достонқулова.
Ин мулоқотҳо барои ӯ ҳам сарфи бештари вақт ва ҳар харҷӣ иловагӣ аст.
Коҳиши донишҷӯёни қирғиз дар Тоҷикистон
Омори дақиқи донишҷӯёни қирғиз, ки дар пайи низоъ ва баста шудани марз ба ватанашон баргаштаву аз ҳақи идомаи таҳсил дар Тоҷикистон маҳрум шуданд, маълум нест. Мақомоти Қирғизистон омореро дар ин робита интишор накардааст.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар посух ба дархости “Азия-Плюс” навишт, “аксари донишҷӯёни қирғиз, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекарданд, ба Қирғизистон барнагаштанд”.
Аммо тибқи иттилои пешниҳоднамудаи шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, яке аз донишгоҳҳое, ки шаҳрвандони бештари Қирғизистон интихоб мекунанд, теъдоди донишҷӯёни қирғиз нисбат ба 4 соли пеш қариб 70 дарсад кам шудааст.
Соли хониши 2021-2022 дар ДДХ 44 шаҳрванди Қирғизистон таҳсил мекард. Соли 2022-2023 бошад, ин рақам 26 нафарро ташкил дода, соли 2023-2024 ҳамагӣ 16 донишҷӯ аз кишвари ҳамсоя дар ДДХ таҳсилро идома медиҳанд.
Саноат Азимова, муовини декан оид ба таълими факултаи забонҳои хориҷии ДДХ сабаби асосии коҳиши теъдоди донишҷӯёнро низои марзӣ ва дар пайи он баста шудани сарҳад медонад.
Ӯ мегӯяд, як теъдоди каме, ки ҳоло таҳсил мекунанд, ҳеҷ мушкиле дар таълим надоранд ва ягона хоҳиши онҳо боз шудани сарҳад аст, то тавонанд ҳар сари чанд вақт назди волидонашон раванд.
Аммо тақдири онҳое, ки ба ватан баргаштаву идомаи таҳсилро дар Тоҷикистон қатъ карданд, маълум нест. Шарикдарсони онҳо мегӯянд, теъдоде таҳсилро дар донишгоҳҳои Қирғизистон идома медиҳанд, аммо қисме ҳам тарки таҳсил кардаанд.
Донишҷӯёни тоҷик ҳам бо мушкил рӯбарӯ шуданд
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд, низ дар пайи низоъ ва баста шудани сарҳад бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуданд.
Тирамоҳи соли 2021, пас аз ним соли низоъ (моҳи апрели соли 2021) ва аз ҷониби Қирғизистон якҷониба баста шудани садҳад, беш аз 100 донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои ҳамсоякишвар таҳсил мекарданд, ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки тақрибан ду моҳ боз тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд ва наметавонанд ба макони таҳсилашон баргарданд.
Онҳо гуфтанд, барои ҳалли мушкилашон ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Сафорати Қирғизистон дар Душанбе муроҷиат кардаанд, аммо посухи қонеъкунанда нагирифтаанд.
“Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки омодаанд моро ба донишгоҳҳои худамон қабул кунанд, аммо ба як курс поён. Мо мехоҳем дар ҳамон курсе хонем, ки дар кишвари ҳамсоя таҳсил доштем”, - гуфтанд онҳо.
Касе муроҷиат кард, кумак кардем
Маҳмадюсуф Имомзода, вазири пешини маориф ва илми Тоҷикистон дар шарҳи мушкили донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон таҳсилдошта гуфта буд, “ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунад ва хоҳиши интиқол ба донишгоҳҳои ватанашро дорад, кумак мекунанд”.
Соли 2022 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 700 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Қирғизистон ба ватан баргаштаанд, аммо мушаххас нагуфт, ки чанд нафари онҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таҳсили худ идома доданд.
Соли 2023 бошад, тибқи иттилои ба “Азия-Плюс” пешниҳодкардаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон боз зиёда аз 200 донишҷӯйи тоҷик баргаштанд.
Аммо вазорат нагуфт, ки то оғози низоъ ва баста шудани сарҳад чанд донишҷӯёи тоҷик дар Қирғизистон таҳсил мекарданд.
Ҳамин тавр, вазорат мегӯяд, ҳамаи донишҷӯёни тоҷике, ки ба Тоҷикистон баргаштанд ё хоҳиши интиқол доштанду ба Вазорати маориф ва илм ё муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар муроҷиат карданд, таҳсили худро дар ватан давом дода истодаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, айни замон ҳудуди 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон ва тақрибан ҳамин қадар шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Робита барқарор аст ва бурсия ҷудо мешавад
Ҳарчанд сарҳад миёни ду кишвар баста аст, аммо масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки бо ҳамтоҳои худ аз Қирғизистон робита доранд.
“...соли ҷорӣ (2023 дар назар аст - идора) Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он се ректори донишгоҳҳои Қирғизистон иштирок намуданд”, - менависад ин ниҳод.
Ба иттилои ин вазорат, се соли охир ягон шаҳрванди Тоҷикистон тариқи бурсия ба Қирғизистон барои таҳсил нарафтааст, аммо аз 40 бурсияи барои соли 2023 ҷудокардаи Тоҷикистон 7 шаҳрванди Қирғизистон истифода кардаанд.
Табодули донишҷӯён - навъе аз дипломатияи мардумӣ
Илҳомҷон Ҳошимов, устоди ДДХ, ки ба донишҷӯёни хориҷӣ низ дарс додааст, табодули донишҷӯён миёни кишварҳоро дар таҳкими равобити дуҷониба муҳим медонад ва зикр мекунад, ки он гиреҳкушои бештари мушкилот дар муносибатҳо ва навъе аз дипломатияи мардумӣ аст.
“Таҳсили дуҷонибаи ҷавонон барои ин ду кишвар ояндасозӣ мекунад. Мутахассис тайёр мешавад ва ба рушди иқтисоду ҷомеаи ҳамдигар саҳмгузорӣ мегардад. Ин хуб аст ва дар ин самт мо таҷриба дорем. Ман бисёр мутахассисони соҳаи технологияи хуроквориро медонам, ки замоне ин касбро дар Институти политехникии шаҳри Фрунзе (имрӯза Бишкек)-и Қирғизистон омӯхтаанд”, - мегӯяд Илҳомҷон Ҳошимов.
Ӯ таъкид мекунад, ки ҳар гуна низоъ ва баҳсҳо миёни кишварҳо ба раванди таълими донишҷӯён набояд таъсир расонад. Онҳо бояд таваҷҷӯҳи худро ба таҳсил равона созанд ва набояд эҳсоси хатар кунанду бо таваккалҳо рӯбарӯ шаванд.
Мисли Ойгул Достонқулова, ки то ҳол аз тарси қатъи иҷбории таҳсил ба ватан сафар намекунад ва бо вуҷуди сарфи зиёди вақту маблағ, бо модари худ мулоқот дар Тошкандро идома медиҳад.
Ойгул мегӯяд, то хатми донишгоҳ чанд моҳи дигар мондааст ва ӯ таваккал карда, ба ватанаш рафтанӣ нест, зеро хатари барнагаштан ба Хуҷанд ҷой дорад. Мисли даҳҳо донишҷӯи тоҷику қирғиз, ки баъди бозгашт ба ватан барои идомаи таҳсил барнагаштанд ва гирифтори мушкил шуданд.