Шодӣ Ҳафиззода, генерал-майори милитсия, ки чанде пеш сардори Дастгоҳи ВКД таъин шуда, аз ин пештар чандин сол сардори Раёсати ҷиноятҳои муташаккил ё “УБОП”-и ВКД буд, бо амри президент машваратчии Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шудааст. Дар ин бора сомонаи ВКД хабар дод.

Манбаъ, исми нафароне, ки имрӯз, 6-уми июн дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи нав гирифтанд, нашр кард. Вале баъдтар онро дар сомона пок кард. Кӯшишҳои мо барои дарёфти сабаби пок кардани хабар бенатиҷа анҷом ёфт.

Ба иттилои ВКД, полковники милитсия Тоҳир Баротзода ба ҷои генерал-майори милитсия Шоҳрух Сидзода сардори Раёстаи кофтукови ҷиноятии ВКД, полковники милитсия Маҳмадсафар Пирзода ба ҷои Абдулло Навҷувонов сардори Раёсати ВКД дар Суғд ва генерал-майори милитсия Абдусаттор Фаттоҳзода ба ҷои Баҳодур Ваҳобзода сардори Раёсати ВКД дар Рашт таъин гардиданд.

Абдусаттор Фаттоҳзода то ин дам намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии ИДМ буд.

Хадамоти матбуотии президент

Маълум нест, ки Баҳодур Ваҳобзода ва Абдулло Навҷувонов ба чӣ мансабе таъин гардидаанд ва ё ба нафақа гусел шуданд. Дар рӯйхати онҳое, ки имрӯз ба мансабҳо таъин шуданд, исми онҳо нест.

Қаблан, манбаъи “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Шоҳрух Саидзода, ки 7 сол сардори Раёстаи кофтукови ВКД буд, ба ҷои генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин гардидааст. ВКД мегӯяд,  Ҳамидзода сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ин ниҳод интихоб шудааст.

Ҳамчунин, генерал-майори милитсия Сафиало Азизулозода ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, полковники милитсия Алихон Рустам сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, Ҷамшед Шайдуллозода сардори Раёсати алоқаи ВКД таъин гардидаанд.

Ҳамчунин, Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки  генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, ки моҳи феврали соли равон аз вазифаи роҳбари Академияи ВКД озод шуда буд, бо фармони президент намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ таъин шудааст.

Хадамоти матбуотии президент

Дар мувофиқа бо президент инчунин, нафарони зерин сардори шуъбаҳои корҳои дохилии як қатор шаҳру навоҳии кишвар таъин шуданд:

- генерал-майори милитсия Суҳроб Рамазонзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон;

- полковники милитсия Муҳриддин Хайруллозода, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ;

- полковники милитсия Икромҷон Назарзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ;

- подполковники милитсия Суҳроб Ҳайдарзода, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино;

- полковники милитсия Иззат Раҳматзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино;

Хадамоти матбуотии президент

- полковники милитсия Машраф Истамзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш;

- полковники милитсия Илҳом Файзуллозода, сардори ШВКД дар шаҳри Роғун;

- майори милитсия Саидмақсуд Ниёззода, сардори ШВКД дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ;

- подполковники милитсия Авазхон Азиззода, сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд;

- подполковники милитсия Вафо Чиллазода, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав;

- полковники милитсия Саидаҳтам Одиназода, сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор;

- полковники милитсия Шамсиддин Зуҳурзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Дарвоз;

Хадамоти матбуотии президент

- подполковники милитсия Баҳром Шамсуллозода, сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ;

- полковники милитсия Анвар Талбакзода, сардори ШВКД дар шаҳри Норак;

- подполковники милитсия Шероз Алиматзода, сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлол;

- подполковники милитсия Абдулло Ҷабборзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиён;

- полковники милитсия Аҳлиддин Шарифзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун;

- полковники милитсия Илҳом Ҷаборзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;

- подполковники милитсия Қобил Аҳмадзода сардори ШВКД дар ноҳияи Деваштич.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.