Парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ–Душанбе дигарбора барқарор шуд. Нахустин, парвоз рӯзи душанбе, 30-юми сентябр сурат мегирад. Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз мекунад.
Ба иттилои манбаъ, фурӯши чиптаҳо аз Душанбе ба Хоруғ аз имрӯз, 27-уми сентябр оғоз гардида, нархи он 900 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард.
Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат мегирад. Ин ҳавпаймо моли "Тоҷик Эйр" аст ва қаблан ҳам ба Хоруғ парвоз мекард. Он баъди таъмир дубора парвозро оғоз мекунад.
Ба иттилои Шодмонзода, парвоз аз Душанбе соати 8:00 сурат мегирад ва 1 соату 10 дақиқа давом мекунад. Пас аз расидани ҳавопаймо ба Хоруғ соати 10:00 дигарбора ба Душанбе бармегардад.
Аз “Тоҷик Эйр” гуфтанд, парвоз ба ин масир аз вазъи ҳаво вобаста аст.
“Дар сурати хуб набудани боду ҳаво парвоз сурат намегирад ва аз ин ҳолат “Тоҷик Эйр” мусофиронро хабар хоҳад кард”, - гуфт роҳбари ин ширкат.
Дирӯз, 26-уми сентябр ҳавопаймои АН-28 баъди таъмир дар Душанбе як парвози санҷишии бомувафақона анҷом додааст.
Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли 2017 мутаваққиф шуда буд. То он дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои АН-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри “Тоҷик Эйр” қарор дошт, анҷом дода мешуданд.
Мақомоти Тоҷикистон пештар изҳор дошта буданд, ки монеаи асосӣ барои барқарор намудани парвозҳо миёни Душанбе ва Хоруғ набудани ҳавопаймоҳои мувофиқ барои минтақаҳои кӯҳӣ мебошад.
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода 24 июл дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки парвозҳо ба Хоруғро "Тоҷик Эйр" иҷро мекард, аммо ҳавопаймоҳои он, аз ҷумла ду АН-28, дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доранд.
Пештар муаррифии ҳавопаймои чехии L410 NG баргузор шуда буд, аммо Назарзода гуфта буд, ки хусусиятҳои он иҷозати иҷрои парвозҳои мунтазам дар ин масирро намедиҳад. Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки дигар вариантҳои алтернативӣ барои харидории ҳавопаймои мувофиқ баррасӣ мешаванд.
Пойтахтро бо ВМКБ шоҳроҳе мепайвандад, ки дар қисми зиёди он дар ҳолати бад қарор дорад. Сокинон аз Хоруғ то Душанбе ва баръакс бо мошин дар 14-16 соат мерасанд.
Сжигающий Рамазан: Интересные факты о священном для мусульман месяце
Таджикский первопроходец в английской премьер-лиге
Влиятельные женщины в таджикской политике
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Чайхона раздора, энергетический вопрос в Рамазан и мольбы матерей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2025 года
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста