Имрӯз, 3-юми октябр ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Хоруғ, ки баъди чанд сол дубора аз сар гирифта шуд, нахустин парвози худро анҷом дод. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Қаблан қарор буд, нахустин парвоз пас аз танаффуси ҳафтсола рӯзи душанбеи 30-юми сентябр сурат бигирад, аммо ба далели номусоидии обуҳаво ин парвоз лағв шуд.
Ба иттилои манбаъ, парвоз имрӯз соати 10:15 сурат гирифтааст.
«Дар ҳавопаймо 17 мусофир буд ва парвоз хуб сурат гирифт", - гуфтанд аз фурудгоҳи пойтахт.
Мусофиронро дар Хоруғ ботантана пешвоз гирифтанд.
Чиптаҳо ба Хоруғ ва баръакс 900 сомонӣ нарх дошта, фурӯши он аз 27-уми сентябр оғоз гардида буд. Онҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои "Тоҷик Эйр", ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастон Гулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард.
Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат гирифт. Ин ҳавпаймо моли "Тоҷик Эйр" аст ва қаблан ҳам ба Хоруғ парвоз мекард. Он баъди таъмир дубора парвозро оғоз мекунад.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз мекунад.
Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли 2017 мутаваққиф шуда буд. Пойтахтро бо ВМКБ шоҳроҳе мепайвандад, ки қисми зиёди он дар ҳолати бад қарор дорад. Сокинон аз Хоруғ то Душанбе ва баръакс бо мошин дар 14-16 соат роҳ мепаймоянд.
Сжигающий Рамазан: Интересные факты о священном для мусульман месяце
Таджикский первопроходец в английской премьер-лиге
Влиятельные женщины в таджикской политике
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Чайхона раздора, энергетический вопрос в Рамазан и мольбы матерей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2025 года
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста