“Амонатбонк” бо нашри хабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ирсоли СМС-паёмак сокинонро аз қаллобон ҳушдор додааст. Бонк рақамҳои қаллобонро паҳн намуда, аз мизоҷони худ хоҳиш дорад эҳтиёткор бошанд ва ба ҳеҷ кас маълумоти шахсиву рақами корташонро нагӯянд.
Дар изҳороти бонк зикр мешавад, ки рӯзҳои охир қаллобон фаъол шуда, тариқи телефони мобилӣ ба мизоҷони “Амонатбонк” занг зада, худро корманди “Амонатбонк” муаррифӣ менамоянд ва бо баҳонаҳои “тамом шудани муҳлати корт” ё “тафтиши корт” рақаму рамзи онро талаб мекунанд.
“Ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғи қаллобон оид ба гузаштани муҳлати корти худ ва пешниҳод намудани рамзҳои махфӣ бовар накунед ва маълумоти худро ба ҳеҷ кас надиҳед”, - тавсия медиҳад “Амонатбонк”.
Ба иттилои бонк, қаллобон аз рақамҳои зерин истифода бурдаанд: 964289353, 937423046, 914833206, 914885277.
Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо қаллобон метавонед тариқи рақамҳои 1885 ба “Амонатбонк” муроҷиат намоед.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, "Душанбе Сити Бонк" ва шахсиятҳое, чун раиси ҷумҳуру шаҳрдори Душанбе талош кардаанд сокинонро фиреб диҳанд.
Дар робита ба ин фейкҳо мақомоти Тоҷикистон аҳолиро ҳушдор дода буданд, вале то кунун сокинону ширкатҳои алоҳида аз ин навъи қаллобӣ хабарҳо нашр мекунанд.
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
На таджикско-узбекской границе появится зона свободной торговли
В Генпрокуратуре Таджикистана раскрыли подробности дела осужденного адвоката Файзи Оли
«Истиклол» завершил своё участие в Лиге чемпионов Азии-2 поражением от «Сепахана»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста