Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим изҳор намуд, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ амволе надорад.
«Бобаки Занҷонӣ дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal дар Душанбе на ба сифати сармоягузор, балки меҳмони фахрӣ иштирок кард», - гуфт ӯ.
Раиси Кумита ҳамчунин гуфт, тоҷири эронӣ 12 марти соли 2013 ҳамроҳи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати меҳмони фахрӣ дар маросими ифтитоҳи терминали нави Asian Express Terminal дар Душанбе иштирок кардааст. «Ӯ ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон сармоягузорӣ накардааст. Ҳатто ба ин чорабинӣ низ на ба сифати сармоягузори иншоот, балки ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шуда буд», - афзуд Қодири Қосим.
Мебояд гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ воқеъан ҳам дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal дар Душанбе (автовокзали Душанбе) моҳи марти соли 2013 ширкат варзида, дар аксҳои ба ин муносибат чопшуда ӯ дар паҳлӯи президент Эмомалӣ Раҳмон аст.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Бобаки Занҷонӣ яке аз сармоягузорони бештар мавриди баҳс дар Тоҷикистон қарор гирифт. Ӯро саҳмиядори аввали холдинги «Конт-групп Тоҷикистон» мешуморанд, ки ширкатҳои ҷудогонае чун «Asian Express Terminal», «Конт — Таъминот», «Конт-Турист», «Asian Express Airline» и «Конт-сохтмон»-ро муттаҳид месозад. Айни замон «Asian Express Airline» ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати мавриди таҳрим қарордоштаи ИМА ва Аврупо қарор доранд.
Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов изҳороти намояндагони комиссияи тафтишотии Эрон нисбати парвандаи тоҷир Бобаки Занҷонӣ оид ба аз ҷониби раҳбарияти БМТ гирифтани пораро ҳарза унвон карда буд.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон як қатор васоити ахбори умум бо истинод ба Амир Аббос Султонӣ, узви комисияи тафтишотии парвандаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ иттилоъ доданд, ки гӯё замоне намояндаи Занҷонӣ барои сохтакории ҳуҷчатҳои интиқоли мабалғҳои пулии ӯ ба яке аз муовинони раиси БМТ дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА пора додааст.
«Ҳаҷми маблағи пулие, ки дар борааш сухан меравад, чандин маротиба аз буҷети Тоҷикистон зиёд аст ва агар воқеъан ҳам чунин ҳолат ҷой медошт, рӯйпӯш кардани интиқоли чунин миқдор маблағ хеле мушкил аст. Мо чандин маротиба изҳор кардем ва бори дигар изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин мабалғ ҳеҷ муносибате надорад», - гуфт Абдуҷаббор Ширинов.
Қобили зикр аст, ки Бобаки Занҷонӣ 30-юми декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Ҳукуматдорони Эрон ӯро ба азхудкунии 2 млрд. 60 млн. еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон муттаҳам медонанд.
Особенности таджикской свекрови: учит готовить, помогает с детьми, контролирует каждый шаг
Афиша от «Азия-Плюс»: «Летучая мышь», музыкальный джем от MUZA и комедия «Плутни Скапена»
Казахско-таджикский фильм примет участие в самом крупном азиатском киномаркете в Гонконге
FT: в Украине рассчитывают на размещение 50 тысяч миротворцев в стране в случае прекращения огня
В Душанбе задержан мужчина, обвиняемый в 12 эпизодах мошенничества
Кто такой Хабибулло Вохидзода, возможно, новый генпрокурор Таджикистана?
10 лет притворялся мертвым, а потом организовал нападение на Израиль: нужен ли главе ХАМАС мир в Газе?
Топ-100 лучших: попал ли чемпионат Таджикистана по футболу в число сильнейших в мире?
Эмомали Рахмон освободил от должностей Шерали Мирзо и Бега Сабура, и предложил сменить генпрокурора Юсуфа Рахмона
Трамп назначил главой Секретной службы США агента, защищавшего его во время покушения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста