Ҳудуди 15%-и нерӯи барқи моҳи сентябр дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шуд, ки ин ҳаҷм дар маҷмӯъ 210 млн. кВт/соат нерӯи барқро ташкил медиҳад.
«Моҳи сентябри соли 2016 аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон - 173,6 млн. ва Қирғизистон - 36,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд», - қайд мешавад дар гузориши моҳи октябри «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон».
Нисбат ба моҳи август дар моҳи сентябр ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон 33,7 млн. кВт/соат кам шуда, ба Қирғизистон бошад, баръакс - 26,3 млн. кВт/соат афзудааст.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки 14,9% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Моҳи сентябр дар корхонаҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» каме бештар аз 1,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 5% зиёд буда, аз ин миқдор ҳудуди 50 млн. кВт/соат ба Қирғизистон ва ҳаҷми боқимонда ба Афғонистон интиқол дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр аҳолии минтақаи деҳоти Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ иттилоъ доданд. Ба баъзе ноҳияҳо 14-16 соат дар як шабонарӯз интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад намуда, ин ҳолатро ба «корҳои таъмиру барқарорсозӣ» нисбат доданд.
Дар ҳамин ҳол, шурӯъ аз 1 ноябр ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), дигар ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон барои пардохти маблағи истифодаи барқ тарифҳои нав ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ аз 12,6 дирами ҳозира то ба 14,65 дирам барои 1 киловатт/соат зиёд карда мешавад.