Адвокатҳои мустақили Тоҷикистон андоз аз даромади умумиро ба монанди соҳибкорони инфиродӣ пардохт мекунанд. Қарори дахлдори Кумитаи андози аз 1 ноябр мавриди амал қарор гирифт.

Мувофиқи ин қарор, акнун адвокатҳои мустақил андози соддакардашуда аз даромади умумиро дар ҳаҷми 6% пардохт мекунанд. Қаблан онҳо танҳо андози иҷтимоии суғуртавӣ дар ҳаҷми 1%-ро пардохт мекарданд.

Қарори Кумита бо он асоснок карда мешавад, ки дар ҳарду ҳолат ҳам соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам адвокатҳои мустақил як ҳадаф доранд, ки ба даст овардани маблағ аст.

«Мутобиқи моддаи 2-и қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», фаъолияти адвокат соҳибкорӣ шуморида намешавад. Мувофиқи молддаи 1-и ин қонун, пардохти маблағ барои фаъолияти адвокатӣ пардохт барои кумаки ҳуқуқии адвокат маҳсуб ёфта, пардохт тибқи қарордод сурат мегирад», - омадааст дар қарори Кумита.

Дар қарор зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 8-и Кодекси андози ҶТ, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мустақиле дониста мешавад, ки таҳти таваккали худи шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд ба ҳамин сифат ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, амалӣ карда мешавад ва барои ба даст овардани фоидаи (даромади, ҷуброни) мунтазам аз истифодаи молу мулк, фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ равона гардидааст.

Бо такя ба ин моддаи Кодекси андоз қарор шудааст, ки адвокатҳи хусусӣ ба монанди соҳибкорон андозро бо тартиби соддашуда - 6% аз даромади умумӣ ва боз 1% ба сифати андози иҷтмимоӣ пардохт мекунанд.

Адвокатҳо бо пешниҳоди иҷозатномае, ки аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ дода шудааст, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта мешаванд.