Дар гузориши навбатии Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон қайд мешавад, ки понравии рушди иқтисод дар Русия ва ҳамзамон суръати афзоиши он дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз қабили Чину Қазоқистон ва Туркия ба дурнамои миёнамуҳлати рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳлилгарони бонк тадриҷан барқарор шудани афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунанд, ҳарчанд он аз нишондиҳандаи миёнаи солҳои ахир пасттар боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, ҳарчанд суст шудани афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ суръати поин бурдани сатҳи камбизоатиро тӯлонитар кунад ҳам, пешгӯӣ мешавад, ки соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 27,3% поин меравад.
Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли равон - 4,8% ва соли оянда - 5,5%-ро ташкил хоҳад дод.