Дар Туркманистон бо иштироки президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи 28 ноябр маросими мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали роҳи оҳани фаромарзии Турманистон-Афғонистон-Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Туркманистон, нахустин қатораи боркаши иборат аз 46 вагон тариқи қитъаи роҳи оҳани Отамурод - Имоманазар (Туркманистон) - Оқина (Афғонистон) ба ҳаракат даромад.

Гуфта мешавад, масофаи умумии навбати аввали ин роҳ 88 километр буда, қитъаи роҳ миёни нуқтаҳои марзии Имомназар ва Оқина 3 километрро ташкил медиҳад.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати Туркманистон то ҳол протокол дар бораи минбаъд амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани мазкурро, ки аз ҷониби Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расидааст, маъқул нашуморидааст.

Ӯ қайд кард, ки ин протоколро Афғонистону Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 ба имзо расонида, сипас ба баррасии ҳукумати Турманистон фиристода шудааст ва то ҳол аз он ҷо посухе нагирифтаанд.

Вазир таъкид дошта буд, ки қаблан дар интихоби хатсайри роҳ тариқи қаламрави Афғонистон баҳсҳо вуҷуд доштанд. «Дар қитъаи роҳ дар қаламрави Афғонистон ду хатсайр пешниҳод шуда, хатсайри кӯтоҳи он аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва масофааш 160 километрро ташкил медиҳад ва масофаи хатсайри нисбатан дарозтари аз ҷониби Афғонистон пешниҳодшуда ба беш аз 500 километр баробар аст. Бо Афғонистон мо аз рӯи ҳамаи масъалаҳо тавофуқ ҳосил кардем, акнун мувофиқасозии баъзе ҳолатҳо бо Туркманистон боқӣ мондааст», - иброз дошта буд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зикр карданд, ки дар робита ба вазъ дар Афғонистон, сохтмони қитъаи ин роҳи оҳан дар Тоҷикистону Афғонистон зери савол боқӣ мемонад. «Мо ба оғози сохтмони қитъаи худ омодаем, вале ҳамааш ба ҷониби Афғонистон вобаста аст», - таъкид доштан дар корхона.

Охири соли гузашта Бонки осиёгии рушд изҳор дошт, ки ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воистаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид. Маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаро Бонки осиёгии рушд амалӣ карданист.