Як гурӯҳи намояндагони бахши тиҷорати Ӯзбекистон аз шаҳри Душанбе боздид намуда, бо имконоти бозори Тоҷикистон шинос шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳайати тоҷирони кишвари ҳамсоя аз директори КМ ҶДММ «Zavod NVA» Александр Краюшкин, директори ширкати «Dur Qushbegi Biznes» Холиёр Холиқназаров, директори ширкати «SHAMS» Шамсиддин Қосимов, менеҷер оид ба фурӯш ва маркетинги ҶДММ «Mahsus Ish Kiyim» Даврон Абдусатторов иборат будааст.

«Тоҷирони ӯзбек ба Намоиши байнулмилалиии универсалии «Тоҷикистон» ба «Кохи Борбад» ташриф оварда, ҳамчунин имконоти минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим»-ро мавриди омӯзиш қарор доданд», - омадааст дар хабари Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, директори ширкати «SHAMS» Шамсиддин Қосимов аз иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» ва ҶСК «Ширин» боздид намуда, бо раҳбарияти ин корхонаҳо масоили роҳандозии ҳамкории минбаъда оид ба таҳвили ашёи хомро баррасӣ кардааст.

Қайд мешавад, ки директори КМ ҶДММ «Zavod NVA» Александр Краюшкин бо намояндагони Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, ширкати «Барқи тоҷик» ва пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид анҷом додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тоҷирони ӯзбек ба дастгирии ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти Тоҷикистон дар кори намоишу ярмаркаҳои Ӯзбекистон омодагӣ изҳор намудаанд.