Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва тез-тез рух додани садамаҳо дар низомии энергетикии кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон нигаронӣ изҳор намуд.

«Барои саривақт бартараф кардан ва андешидани тадбирҳои зарурӣ вазир ба раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳои дар ин самт фаъолиятдошта дастуру супоришҳо дод», - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати энергетика.

Қобили зикр аст, ки аз оғози мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон дар шабакаҳои барқи ҷумҳурӣ нуқсони кор ва садамаҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки таъмини истеъмолгарон бо нерӯи барқро мушкил месозанд.

Рӯзи 28 октябри соли равон қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Қаблан аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

Ширкати «Барқи тоҷик» то ҳанӯз ба шарҳи сабабҳои садама дар низоми энергетикии кишвар, ки расо ду моҳ пеш - 28 октябр рух дода буд, омода нест. Комиссияи махсуси пас аз як рӯзи садама таъсисёфта ҳанӯз моҳи ноябр кори худро ба итмом расонида, хулосаҳои худро ба ширкат пешниҳод намуд.

«Айни замон хулосаи комиссия мавриди омӯзиши вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, танҳо пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ чоп шуда метавонад», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита дар ширкати «Барқи тоҷик».

Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор кардани сабабҳои садама, ки баъди он қариб тамоми ҷумҳурӣ муддати се соат бе барқ монд, ҳадди ақал ду ҳафта муҳлат зарур аст.

Коршиносон садамаро комилан табиӣ ва пешбинишуда арзёбӣ карда буданд, чунки дар иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ қоидаҳои истифодабарӣ риоя намешаванд.

Пештар ҳам дар нерӯгоҳи Норак садамаҳо рух дода буданд. Моҳи ноябри соли 2009 бар асари чунин як садама дар нерӯгоҳи Норак ҳудуди 70 фоизи қаламрави Тоҷикистон бе барқ монда буд.