Тоҷикистон танҳо пас аз омӯзиши дақиқи таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, ки аллакай аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошанд, узви ин Иттиҳод шуда метавонад.
«Мавқеи Тоҷикистон оид ба ин масъаларо ҳанӯз соли 2013 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баён карда буд. Вақте раванди таъсиси Иттиҳод оғоз гардида буд, президенти мо дар Маскав изҳор карда буд, ки мо бодиққат ин лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳамаи ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбаташро баррасӣ мекунем», - гуфт директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки айни замон низ Тоҷикистон дар ҳоли омӯзишу баррасии паҳлӯҳои гуногуни узвият дар ИИАО қарор дорад.
«Омӯзиши ин ҷараёнро кори осон мапиндоред. Барои ин ба мо омӯхтани таҷрибаи Қирғизистону Қазоқистон лозим аст, ки ба ин Иттиҳод ворид шудаанд: онҳо ба чӣ гуна даствоардҳое ноил гардидаанду ба чӣ гуна нокомиҳо дучор шудаанд. Ҳамаи инро мо бояд донем. Минбаъд агар ягон нияти мушаххас пайдо шавад, мо бояд ҳамаи ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбатро донем», - афзуд роҳбари МТС.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти таҳқиқоти Бонки авруосиёии рушд, соли гузашта дастгирии узвияти имконпазири Тоҷикистон ба ИИАО аз ҷониби ҷомеа то 68% поин рафтааст.
«Коршиносон сатҳи ба таври кофӣ баланди маъқул шуморидани ҳамгиройии авруосиёӣ дар Тоҷикистон - номзади бештар воқеъии узвият ба ИИАО-ро зикр мекунанд. Дар он ҷо соли 2016 дастгириии узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳод аз ҷониби ҷомеа 68% (соли 2015 - 72%)-ро ташкил дод, ки ин барои қарори имконпазири сиёсӣ дар ин самт шароити мусоид фароҳам меоварад», - қайд мешавад дар таҳқиқоти ҳамасолаи «Барометри ҳамгиройии Бонки авруосиёии рушд».
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.