Тоҷикистон гуфтушунидҳо бо мақомоти авиатсионии Русия дар мавриди иртиботи ҳавоиро идома доданист. Барои ин ҷониби Тоҷикистон ҳамтоҳои русиягии худро ҳатто ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки онҳо аз Русия посух ба мактубашонро интизоранд.

«Дар Русия таътили солинавӣ ба итмом расид ва мо мунтазирем, ки рӯзҳои наздик ба маактубамон посух мегирем. Дар мактуб мо ҳамтоҳои русиягии худро ҷиҳати идомаи машваратҳо ба Тоҷикистон даъват кардем», - иброз дошт ӯ.

Шералӣ Ганҷалзода таъкид дошт, ки мақомоти авиатсионии Тоҷикистон низ барои сафар ба Русия ҷиҳати идомаи гуфтушунидҳо омодаанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ВАО-и Русия дар ин робита менависанд, Вазорати нақлиёти Русия ба баргузории чунин гуфтушунид омодагӣ изҳор намуда, вале як шарт гузоштааст, ки ҷониби Тоҷикистон бояд тавофуқоти ҳосилшуда санаи 8 ноябри соли 2016 доир ба иртиботи ҳавоӣ миёни кишварҳо ва сабтшуда дар протоколро риоя намояд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон моҳи ноябр барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозатнома дода, вале аллакай моҳи декабр қабули ҳавопаймоҳои ин ширкатро аз фурудгоҳи зикршуда рад кард.

Дар посух ба ин Русия аз 23 декабр ба ҷуз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро мутаваққиф кард.

Тавре «Российская газета» менависад, дарвоқеъ ҳам аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Русия дар бораи идомаи гуфтушунидҳо оид ба ин масъала нома расида, Русия низ дар номаи ҷавобӣ ба баргузории чунин гуфтушунидҳо омодагиашро тасдиқ кардааст, вале сана ва макони баргузории гуфтушунидҳо иловатан мувофиқа мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Русия ба ҳамтоҳои тоҷики худ хабар додааст, ки то оғози гуфтушунидҳои нав тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда бояд ба иҷро расанд.