Соли равон дар Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ сохтмони 9 корхонаи истеҳсолии нав дар назар буда, сармоягузорони хориҷӣ баҳри бунёди ин иншоот дар маҷмӯъ ба беш аз 200 млн. доллар маблағгузорӣ омодаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, соли гузашта дар Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба маблағи умумии 2 млрд. 67 млн. доллар 10 корхонаи бузурги истеҳсоли бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.
Гуфта мешавад, айни замон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ бо 11 ширкати хориҷӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
Тибқи маълумоти Кумита, тӯли 9 моҳи соли 2016 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 650 млн. доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 355 млн. доллари он маблағгузории мустақими сармоягузорони хориҷӣ мебошад
«Саҳми Кумита ҷиҳати ҳалли масъалаи рушди корхонаҳои воридоти ивазкунанда тавассути ҷалби сармояи мустақим назаррас нест», - қайд мекунанд дар Кумита.
Зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроқум”, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” вазифаҳои мушаххас гузошта, дар иҷрои ин вазифаҳо сохторҳои Кумитаро мебояд, ки кори худро фаъол намоянд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки Тоҷикистон бо 37 кишвари дунё созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро ба имзо расонида, ҳоло корҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои чунин созишномаҳо бо 6 давлати дигар идома доранд.