Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия аз омодагии Маскав барои музокирот бо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вай рӯзи ҷумъа дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки ният надоранд, моҷарои ҳавоӣ аз ин амиқтар шавад.

"Ҳамтоёни тоҷики мо мехоҳанд, даври нави музокиротро баргузор кунанд. Нишасти охирин моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Мо омодаем, ки ин гуфтугӯро ҳатто фардо баргузор кунем", - таъкид кардааст ӯ.

Зикр мегардад, ки вазири нақлиёти Русия гуфтааст, ният надоранд, дар парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон маҳдудияти бештар ҷорӣ шавад, вале афзуд, «талаботи протоколи моҳи ноябри соли гузашта бояд иҷро гардад».

Қобили зикр аст, ки аввали ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошта буданд, ки ба идомаи гуфтушунидҳо бо мақомоти авиатсионии Русия дар мавриди иртиботи ҳавоӣ омода буда, ҳамтоҳои русиягии худро ба Тоҷикистон даъват карданд.