Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии семент истеҳсол шуда, ҷумҳурӣ аллакай пурра талаботи худ ба ин масолеҳи сохтмонро қонеъ ва қисмате аз онро ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунад.
Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода изҳор намуд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. тонна семент истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 тақрибан 500 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Вазир қайд кард, ки ба афзоиши назарраси истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон бунёди иқтидорҳои нав дар шаҳри Ваҳдату ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон мусоидат карданд.
Дар афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ Бобозода ҳамчунин саҳми назарраси корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Хуаксин Ғаюр семент», ҶСК «Сементи тоҷик», КМ «Тоҷ Чайна 2013» ва ҶДММ «Моҳир семент»-ро низ таъкид дошт.
«Соли гузашта аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 300 ҳазор тонна семент содирот шуд, - зикр кард ӯ. - Сементи Тоҷикистон асосан ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот шуда, ҳамчунин ба миқдорҳои начандон зиёд ба Русия низ таҳвил гардид».
Қобили зикр аст, ки зимни вохӯрии моҳи октябри соли гузашта бо соҳибкорон ва сармоягузорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна то ба 1,5 млн. тонна расида, соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли он то 2,5 млн. тонна расонида мешавад.