Вазорати молияи Тоҷикистон изҳор мекунад, ки қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ҳадафмандона идора мешавад.

Дар маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзӯи «Имконоти кишвар дар такмили идоракунии молияи давлатӣ» намояндаи Вазорат Рустам Бобоев изҳор кард, ки ин масъала ҷойи нигаронӣ надорад ва ҳамааш зери назорат аст.

«Ҳамасола оид ба масъалаи идоракунии қарзи хориҷӣ стратегияҳо қабул мешаванд, - иброз дошт ӯ. - Дар онҳо нишондиҳандаҳое мавҷуданд, ки онҳоро ҳукумат бояд риоя намояд, то ки ҳудуди муқарраршуда берун наравад».

Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли равон беш аз 2,3 млрд. долларро ташкил дод, ки ба 32,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Лимити ин қарз набояд аз 40%-и ҳаҷми ММД зиёд шавад.

Соли ҷорӣ барои пардохти қарзи хориҷӣ наздики 140 млн. доллар пешбинӣ гардида, боз ҷалби ҳудуди 215 млн. доллар қарзи хориҷӣ дар назар аст.