Мақомоти нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия ба ивази Душанбе парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, мактуб бо ин мазмун ба мақомоти авиатсионии Русия ҳафтаи гузашта ирсол шудааст.
«Айни замон ин пешниҳоди мо мавриди омӯзишу баррасии ҷониби Русия қарор дошта, рӯзҳои наздик зимни гуфтушуниди тарафҳо ин масъала пурра ҳаллу фасл хоҳад шуд», - гуфтанд дар Вазорат.
Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷозат надода буд.
Дар навбати худ Русия парози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд кард.
Баъди гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати ширкати «Сомон Эйр» ба ивази аз оғози мавсими тобистон роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.