Ширкати русиягии «Ямал» аз охири моҳи марти соли равон ба парвозҳои ҳавопаймоҳояш ба Тоҷикистон оғоз карда метавонад.
Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ баррасӣ шудааст.
Ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон ба таъини ширкати дуюми ҳавопаймоӣ барои парвоз ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав шурӯъ аз мавсими тобистон, ки охири моҳи март оғоз мегардад, розӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Ганҷалзода таъкид дошт, ки ширкати ҳавопаймоии «Ямал» парвозҳо ба Тоҷикистонро дар сурате амалӣ карда метавонад, ки агар дар ин самт мусофирон кофӣ бошанд ва таъини ширкати дуюми ҳавопаймоӣ аз ҷониби Русия ба талаботи мусофирон вобаста аст.
Дар Вазорати нақлиёт қайд карданд, ки бино ба тавофуқҳои ҳосилшуда, алҳол тариқи фурудгоҳи Жуковский танҳо ду ширкат - «Тоҷик Эйр» ва «Уралские авиалинии» парвозҳо анҷом дода метавонанд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи маҳудиятҳои қаблан нисбати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷоришуда бекор шуда, аз 3 феврал ширкат метавонад парвозҳо ба чор шаҳри Русия - Иркутск, Краснодар, Оренбург ва Красноярскро дубора барқарор намояд.
Қобили зикр аст, ки аз 22 декабри соли 2016 ба ҷуз шаҳрҳои Санкт-Петербургу Маскав, парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба дигар шаҳрҳои Русия мутаваққиф шуданд.
Ин тасмими ҷониби Русия ба он вобаста буд, ки мақомоти Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи Жукрвский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надода, аз гуфтушуниди онвақтаи ҷонибҳо дар ин хусус натиҷае ҳосил нашуда буд.