Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов рӯзи 26 январ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Душанбе меояд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, рӯзи дигари сафар ба Тоҷикистон (27 январ) ӯ дар кори ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, мушкилоти ҷойдоштаи иртиботи ҳавоӣ миёни кишварҳо дар маркази таваҷҷуҳи ин ҷаласа қарор хоҳад дошт.
Тибқи нақшаи сафар, субҳи рӯзи 27 январ Шувалов, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аст, бо ҳамтои тоҷики худ, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидору гуфтушунид мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки нимаи аввали ҳамин рӯз, дидору гуфтушуниди муовини аввали нахуствазири Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.