Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҶТ, намоишгоҳ аз 17 то 21 апрели соли равон дар маркази савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор доир мегардад.

Гуфта мешавад, Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспосентр» аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ мебошанд.

Зикр мегардад, ки ҳадафи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон татбиқи қарордодҳои зимни ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба даст омада, инчунин тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.