Дар ҳошияи кори форуми байнулмилалии Арктика вазири нақлиёти Русия Максим Соколов ба ВАО-и кишвараш изҳор кардааст, ки Вазорат ҷиҳати мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе тамоми тадбирҳоро рӯйи кор мегирад.
Ӯ иброз доштааст, ки мақомоти Русия доимо аз манфиатҳои ширкатҳои ҳавопайоии ватанӣ ҳимоя намуда, барои водор намудани Тоҷикистон ҷиҳати ба иҷро расидани бандҳо ва қарордодҳо дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва доир ба ин масъала ҷонибҳо метавонанд гуфтушунидҳои иловагӣ баргузор кунанд.
Қаблан мақомоти нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия ба ивази Душанбе парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд.
Аммо ширкати «Ямал» ин пешниҳодро комилан қабул надошта, директори тиҷоратии ширкат Андрей Дубров дар ин робита изҳор намудааст, ки онҳо ивази фурудгоҳ зимни парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистонро баррасӣ намекунанд.
«Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қобили қабул нест, - гуфтааст ӯ. - Масъалаи парвоз ба Кӯлоб ҳатто баррасӣ намешавад, чнки ин шаҳри начандон бузург буда, ба он монандӣ дорад, ки мо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз ба Тиксиро пешниҳод намоем».
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон алҳол аз пешниҳоди маълумот дар бораи бо чӣ натиҷа анҷом ёфтани гуфтушунидҳо бо ширкати мазкур худдорӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷозат надода буд.
Дар навбати худ Русия парози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд кард.
Баъди гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати ширкати «Сомон Эйр» ба ивази аз оғози мавсими тобистон, яъне аз 26 март роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.