Вазорати нақлиёти Русия ба як қатор хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Ин маҳдудиятҳо аз имрӯз, 3 апрел аз соати 05:30 бо вақти Маскав мавриди амал қарор гирифтанд. Сабаби ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон рад шудани пешниҳоди иҷозат ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» унвон мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии иттилоотии Sputnik, бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Русия, ин кишвар чаҳор парвози ширкати мусофирбарии ҳавоии "Сомон Эйр" аз фурудгоҳи Душанбе ва се парвоз аз фурудгоҳи Хуҷандро мамнуъ кардааст.
"Бар пояи протоколи музокирот миёни ниҳодҳои ҳавонавардии кишварии Русия ва Тоҷикистон аз 27 январи соли 2017 ва қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ, ҳамчунин ёддошти Вазорати умури хориҷаи Русия аз 1 сентябри соли 2016 ширкати ҳавопаймоии "Ямал" дувумин мусофирбари таъйиншуда аз тарафи Русия барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский аст". Вазорати таробарии Русия ёдоварӣ кардааст: "Бар асоси қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ, ҳеч маҳдудият барои парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои маҳаллӣ вуҷуд надорад", - омадааст дар маълумоти Вазорат.
Ин ниҳод афзудааст: "Ширкати "Ямал" барои анҷоми чаҳор парвоз дар ҳафта аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва се парвоз дар ҳафта ба Хуҷанд дархост дод, вале тарафи Тоҷикистон ин дархостро пурра иҷро накард".
Гуфта мешавад, дар ин санад ҳамчунин далели ин тасмимгирии Русия тавзеҳ дода шудааст: "Воруна бар тавофуқоти дарҷшуда дар протоколи музокирот, созмони ҳавонавардии Тоҷикистон дархости ширкати ҳавопаймоии "Ямал"-ро таъйид накарданд. Ҳамзамон созмони ҳавонавардии Русия дархости ширкатҳои мусофирбарии Тоҷикистонро то 2 апрели 2017 комилан таъйид карда, ба ин умед, ки дар ин муддат тарафи Тоҷикистон низ дархости ширкати "Ямал"-ро таъйид хоҳад кард".
"Дар ин росто 31 март тарафи тоҷикӣ дар номае аз эъмоли чораҳои "посухӣ" огоҳ карда шуд: аз соати 05.30 UTC 3 апрел парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Душанбе (4 парвоз дар ҳафта) ва аз Хуҷанд (3 парвоз дар ҳафта) маҳдуд карда мешаванд", - эълом доштааст Вазорати нақлиёти Русия.
Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷозат надода буд.
Дар навбати худ Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд кард.
Баъди гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати ширкати «Сомон Эйр» ба ивази аз оғози мавсими тобистон, яъне аз 26 март роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.