Бар асари қатъи сартосарии барқ дар ҷумҳурӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар низоми энергетикии кишвар рух дод, ба Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 8 млн. доллар зиён расида, 40 адад ваннаҳои элкетролизӣ аз кор баромаданд, ки арзиши ҳар кадоме аз онҳо беш аз 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, тӯли 2 моҳи соли равон ТАЛКО ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба андозаи 36,3% коҳиш дода, дар ин давра дар ширкат ҳамагӣ 16,3 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-феврали соли 2016 - 9,3 ҳазор тонна камтар аст.

Қайд мешавад, ки маблағи умумии маҳсулти истеҳсолшуда 61,7 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,4 млн. сомонӣ камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро дар Вазорат ба саривақт ворид нашудани ашёи хом, кокс ва криолити нафтӣ, ҳамчунин поинравии нархи алюминий дар бозори металлҳои Лондон нисбат медиҳанд.

Таъкид мешавад, ки 28 октябри соли гузашта бар асари садама қариб тамоми кишвар муддати се соат бе барқ монда, аз ин садама ширкат хисороти зиёд бардошт: 40 электролизёрҳо аз кор баромада, дар натиҷа ба ширкат дар ҳаҷми 65 млн. сомонӣ (8,2 млн. доллар ба аввали соли 2017) зиёни иқтисодӣ расонида шуд.

То садама дар ширкат беш аз 300 ваннаҳои электролизӣ мавриди истифода қарор дошта, мутахассисони ТАЛКО рӯзи дигар бад шудани сифати металлеро, ки он замон гудохта мешуд, аз эҳтимол дур надонистанд. Дар бораи аз кор баромадани ваннаҳои электролизӣ маълум дода нашуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябри соли гузашта дар натиҷаи нуқсон дар дастгоҳи автоматикии зиддисадамавии зеристгоҳи «Регар 500 кВ» дар низоми энергетикии кишвар садамаи бузургмиқёс рух дод. Зеристгоҳи зикршуда бузургтарин дар ҷумҳурӣ буда, корхонаи ТАЛКО ва ин зеристгоҳ ҳарду дар шаҳри Турсунзода воқеъанд.

Маълумот доир ба ҳаҷми умумии зиёни расида ба иқтисоди кишвар бар асари ин садама то ҳол дастраси умум нагаштааст. Қаблан зикр гардида буд, ки ба ҳисобу китоби зарар гурӯҳи кории назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ машғул аст.