Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бораи барқарор гардидани хатсайрҳо дар самти Душанбе-Москва дар рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе, инчунин дар самти Хуҷанд-Москва, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа эълон мекунад.
Парвози хатсайрҳои аввалини барқароршуда ба рӯзи чоршанбе, 3 май ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамин тариқ, шикати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Москва-Душанбе ҳафтае 7 маротиба ва дар самти Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳафтае 3 маротиба амалӣ хоҳад кард. Вақти парвоз аз Душанбе ба Москва соати 08:00, аз Москва ба Душанбе, соати 12:05. Вақти парвоз аз Хуҷанд ба Москва соати 21:00 ва аз Москва ба Хуҷанд соати – 01:00.
Айни ҳол, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро карда истодааст. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.