Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000 суръати бештар бахшида шавад.
“Аз назари мо, раванди татбиқи Лоиҳа аз муҳлати пешбинишуда ақиб мемонад. Аз ин хотир зарур мешуморем, ки ба кундшавии раванди татбиқи лоиҳаи КАСА -1000 имкон надиҳем ва талошҳои муштаракро дар самтҳои ҷудогона тақвият бахшем”, - изҳор дошт ӯ зимни суханронӣ дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи КАСА -1000.
Сарвари давлати Тоҷикистон чунин мешуморад, ки ҳамаи чорабиниҳо бояд тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда амалӣ шаванд.
Ғайр аз ин, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон, мувофиқи мақсад медонем, ки қарорҳои дахлдор қабул шаванд ва ҳарчи зудтар бунёди ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад.
Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар дохили ин кишвар, ки ҷузъи таркибии ин тарҳ маҳсуб мешавад ва расмиёти тендерии он ба анҷом расидааст, ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд.
Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ гузошта, барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои Лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст.
Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи пешбурди лоиҳаи КАСА-1000 дар солҳои охир нишон дод, ки баррасии роҳҳои муносибгардонии фаъолияти василаҳои идоракунии Лоиҳа зарур буда, шароити тағйирёбандаи берунӣ ва минтақавӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир аз мо иқдомҳои муассир ва қатъиро ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра анҷом додани Лоиҳа тақозо мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳар сол бо сабаби ба таъхир афтодани татбиқи Лоиҳа кишварҳои аъзо, дар маҷмӯъ, беш аз 500 миллион доллари ИМА зарар мебинанд.
“Аз ин рӯ, мо пешниҳод мекунем, ки вохӯриҳои мунтазами шахсони расмии чаҳор кишвар, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро доранд, баргузор шаванд”, - гуфт ӯ.
Илова бар ин, идома дод Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод дорем, ки имконияти баргузории вохӯриҳои ҳарсолаи сатҳи баланди кишварҳои иштирокчии Лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирад.
Сарвари давлати Тоҷикистон қайд кард, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли гузашта оғоз гардида, Тоҷикистон имкон дорад тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.
“Дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида шуда, аллакай ду неругоҳи барқи обии миёна ва силсилаи неругоҳҳои хурд бо иқтидори зиёда аз 1200 мегаватт сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд, - иброз дошт ӯ. - Мо ба нақша гирифтаем, ки дар охири соли 2018 агрегати аввали неругоҳи бузурги Роғунро ба истифода диҳем ва ҳамзамон ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли неруи барқ чандин лоиҳаҳо мавриди иҷро қарор доранд ё ба анҷом расонида шудаанд”.
Анҷоми амалисозии лоиҳаи CASA-1000 соли 2020 ба нақша гирифта шуда, маблағи зарурӣ барои татбиқи он 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.