Ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар Тоҷикистон барои аҳолиро ояндаи наздик қонунӣ карданианд. Ҳамаи хоҳишмандон мустақилона метавонанд ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тилло машғул шаванд. Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо чунин пешниҳод ба ҳукумат муроҷиат кардааст.

«Вазорати молия дар бораи озодона машғул шудан ба истихроҷи тилло ҳуҷҷат омода карда, айни замон он мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» муовини сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат Раҳмонбек Бахтдавлатов.

Ӯ қайд кард, ки баъди мувофиқаи ҳуҷчат бо вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумат, ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мустақилона дар асоси қонунӣ ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло машғул шаванд.

Агар чунин қарор қабул шавад, шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.

Барои истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин металл бояд зиёд бошад. Масалан, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.

Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.