Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки ба тавозуни КВД “ТАЛКО” гузаронидани конҳои тилло дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои истифода ба муҳлати 25 сол бо мақсади аз буҳрон раҳо кардани ин ширкат сурат гирифта буд.

Тибқи ҳисобу китоби пешакии “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) захираҳои тилло дар ин конҳо - 55 тоннна ва нуқра ҳудуди 44 тоннаро ташкил дода, ширкат коркарди то 900 тонна маъдан дар як солро дар назар дошт.

Мурод Ҷумъазода зикр кард, ки ширкат то ҳол шарик барои маблағгузории муштарак ба амалисозии ин лоиҳаи бузургмиқёсро пайдо накардааст.