Соли 2017 суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и воқеии Тоҷикистон суст шуда, давоми солҳои 2018-2019 тадриҷан то сатҳи барқароршавӣ мерасад.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) пешгӯӣ мекунанд, ки тӯли солҳои 2018-2019 рушди иқтисодӣ дар кишвар поинтар аз сатҳи соли 2016 боқӣ мемонад.

Дар гузориши чопшудаи Бонк доир ба иқтисоди ҶТ қайд мешавад, ки мушкилии тӯлонӣ дар бахши молия, осебпазирии афзоянда дар корхонаҳои давлатӣ ва муҳити номусоиди корӣ ба дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонад.

Мувофиқи пешгӯии иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 рушди воқеии ММД Тоҷикистон 5,5 фоизро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 1,4 фоиз камтар аст. Соли 2018 афзоиши воқеии ММД Тоҷикистон то 5,9 фоиз бештар шуда, соли 2019 то ба 6,1 фоиз мерасад. Қобили зикр аст, ки соли 2016 рушди воқеии ММД Тоҷикистон 6,9 фоизро ташкил дода буд.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ се соли наздик мизони таваррум дар нархҳои истеъмолии Тоҷикистонро 7 фоиз пешгӯи мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 нарху тарифҳо дар Тоҷикистон 5,9 фоиз боло рафтанд.