Тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 76,6 млн. долларро ташкил дод, ки 58,2% аз ҳаҷми умумии сармоягзории мустақими хориҷӣ аст. Натиҷаҳои семоҳаи дуюми сол алҳол ҷамъбаст нашудааст.
Раиси Кумитаи давлатии саармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ин робита изҳор намуд, ки давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар 131,5 млн. сармоягузорӣ шуда, дар ин давра 339 корхона бар асоси сармояи хориҷӣ фаъолият кардаанд.
Ба қавли номбурда, дар ин самт зинаи дуюмро Русия ишғол намуда, ҳаҷми сармоягузории он ба 20,6 млн. доллар (15,7%) баробар шудааст. Зикр шуд, ки Русия шарики асосии стратегӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, “ояндаи наздик вазъи корҳо дар ин самт хубтар хоҳад шуд”.
Ба панҷгонаи пешсафон аз рӯи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин давра Нидерланд - 10 млн. (7,6%), Арабистони Саудӣ - 6,9 млн. (5,2%) ва Филиппин - 3,5 млн. доллар (2,7%) низ дохил шудаанд. Дар идома Британияи Кабир, ИМА, Белгия, АМА, Швейтсария ва Фаронса ҷойгир шудаанд.