Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳамарӯза ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикисион аст, зиёд мекунад ва ба ин кор омилҳои зиёде, аз ҷумла болоравии арзиши металл дар бозорҳои ҷаҳонӣ боис гардидааст.

«Айни замон мо барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то охири сол ноил гардидан ба истеҳсоли ҳаҷмҳои пешбинишуда тамоми захира ва имконотро дорем», - гуфт роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов.

Ширкат қаблан то охири сол истеҳсоли ҳудуди 150 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба нақша гирифта буд. «Мо алҳол ин нишондиҳандаҳои пешгӯишударо тағйир доданӣ нестем», - иброз дошт Сатторов.

«Барои тадриҷан афзудани истеҳсоли металл омилҳои зиёлде мавҷуданд, аз ҷумла ба таври назаррас беҳтар гардидани таъминот бо ашёи хом, роҳандозии мустақилона истеҳсол кардани фтористи алюминий ва криолит, ки барои истеҳсоли алюминии аввалия таркибҳои асосӣ маҳсуб меёбанд», - қайд кард намояндаи ТАЛКО.

Ӯ зикр кард, ки дар афзоиши истеҳсоли маҳсулот болоравии нархҳо ба алюминий низ нақши муҳим дорад. Мувофиқи маълумоти Биржаи металлҳои рангаи Лондон (LME), имрӯз, 16 август қурби фурӯши алюминий 2029 доллар барои 1 тоннаро ташкил додааст.


Дар маҷмӯъ, таъкид дошт Игор Сатторов, таҳлилгарон болоравии нархи алюминийро дар ду соли оянда пешгӯӣ мекунанд ва «мутаносибан ТАЛКО  низ истеҳсоли маҳсулотро зиёд мекунад».

Номбурда қайд кард, ки ТАЛКО ҳанӯз соли гузашта ба кор даровардани 100 ваннаи нави электролизиро дар нақша дошт, вале садамаи охири моҳи октябри соли гузашта дар изоми энергетикии кишвар ба ин монеъа эҷод карда, бар асари он беш аз 40 электролизер корношоям шуд ва ҳаҷми зиёнаи расида ба ТАЛКО-ро Вазорати саноат ва технологияҳои нав 8 млн. доллар арзёбӣ намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ТАЛКО 49,5 ҳазор (январ-июни соли 2016 - 73,5 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3 фоиз камтар мебошад.