Арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт давоми ҳафтаи охир 9% - аз 3,5 то ба 3,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт.
Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ мегӯянд, аз 1 июл нархҳои яклухт ба ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон 22% - аз 82 то ба 101 доллар афзуда, мутаносибан арзиши чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши Тоҷикистон низ зиёд шуд.
Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 66 ширкат машғуланд. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори қариб 10 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Беш аз 70%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон ворид шуда, ҳамчунин ба миқдори начандон зиёд гази моеъ аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон низ интиқол мегардад.
Қобили зикр аст, ки тайи чор соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 3,3 маротиба - аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 350 ҳазор тонна дар соли 2016 афзуд.
Давоми соли охир бошад, ҳиссаи воситаҳои нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, аз 40% то ба 60% боло рафт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.