Болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дошта, ин ба қиматшавии дигар маҳсулот низ боис мегардад. Таъсири он ба зиндагии мардум чӣ гуна аст?

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ субҳи рӯзи 18 сентябр гази моеъ барои истифодаи автомашинаҳо бо нархи 3,8-4 сомонӣ фурӯхта мешуд ва ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як моҳ пеш арзиши он 2,8 сомониро ташкил медод.

Арзиши роҳкирои таксиҳои самти Душанбе - шаҳри Турсунзода аз 10 то 15 сомонӣ ва нақлиёти хурди мусофиркаш - автобусу маршруткаҳо мутаносибан аз 7 то 8 ва аз 5 то ба 6 сомонӣ афзудаанд.

Болоравии арзиши сӯзишворӣ ба афзоиши нархи ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон ва дигар маводи низ боис гардида, ронандагон ё нархи яклухтро баланд мекунанд, ё ба камтар шудани даромадашон розӣ мешаванд.

Шаҳри Турсунзода. Яклухтфурӯшони сабзавоту мева.
Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки давоми ҳафтаи ахир нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 9% - аз 3,5 то ба 3,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Таҳвилгарони ин навъи сӯзишворӣ болоравии нархи онро ба афзудани нархи гази моеъ дар Қазоқистон нисбат медиҳанд. Беш аз 70% аз ҳаҷми умумии гази моеъро Тоҷикистон маҳз аз ҳамин кишвар ворид мекунад.

Бино ба маълумоти АИ «NewTimes.kz» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон, дар ин кишвар аз оғози сол нархи сӯзишвории дизелӣ - 9,3%, гази моеъ - 7,7% ва бензин - 5,7% боло рафтааст.