Пас аз болоравии нисбатан назаррас дар нимсолаи аввал, сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, тавре интизор мерафт, ба ҷараёни муътадили худ бармегардад.
Бино ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон (БМТ), дар моҳи августи соли ҷорӣ таваррум аз интизориҳо пасттар бо нишондиҳандаи манфии - 0,3 фоиз ҷамъбаст гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ кам мебошад.
«Ин нишондиҳандаи моҳонаи таваррум дар нуҳ соли охир пасттарин ба ҳисоб рафта, асосан аз ҳисоби коҳишёбӣ ва муътадилгардии нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус сабзавот дар натиҷаи ҷамъоварии ҳосили нав ва афзоиши пешниҳоди он, инчунин сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор ба вуқӯъ пайвастааст», - омадааст дар маълумот.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки ҳамзамон, таварруми солона дар моҳи август то ба 7,7 фоиз аз 8,9 фоизи моҳи июл поён фаромада, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат (7% ±3) наздик шуда истодааст.
«Саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона ҳоло ҳам зиёд - 5,8 банди фоизиро ташкил дода, он асосан аз таъсири назарраси омилҳои мавсимӣ ва таклифотӣ, яъне коҳишёбии истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ дар нимсолаи аввали сол вобастагӣ дорад, - шарҳ медиҳанд дар БМТ. - Қаблан, сабаби аз меъёри нишондиҳандаи мақсаднок баромадани таваррум низ маҳз омилҳои зикргардида буданд».
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ таъсири омилҳои мазкур ҳамчун равандҳои муваққатӣ ва гузаранда арзёбӣ гардида, тибқи дурнамо интизор мегардад, ки дурнамои сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок ва ҳудуди эътимоднокии 7,0% (+/-3%) ҷамъбаст хоҳад ёфт.
«Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ намуда истодааст, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ ва асъорӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвил ба танзими ҳаҷму арзиши пул ва бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таваррум равона мегардад», - зикр мегардад дар хотимаи маълумот.