Корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» истихроҷи тилло дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалингро ба итмом мерасонад.

Ҷинсҳои кӯҳии тиллодор дар қаламрави ба ихтиёри ин ширкат гузошташуда ба охир расида, раҳбарияти корхона ба гирифтани иҷозатнома барои коркарди конҳо ё майдонҳои нав умедвор аст.

Хабарнигори «Азия-Плюс» аз ин корхона боздид намуд, то ки аз наздик бо фаъолияти корхона ва кон шинос шавад.

Корхонаи заршӯйии «Одина» яке аз корхонаи камшумори истихроҷи металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон аст, ки танҳо бо сармоягузории тоҷирони кишвар фаъолият мекунад. Ширкат соли 2005 барои коркарди кони Шугнов, ки майдони умумиаш 134 гектарро ташкил медиҳад, иҷозатнома гирифт. Коркарди бевосита дар кон соли 2007 оғоз гардид.

«Мувофиқи иҷозатнома мо то соли 2019 ҳуқуқ дорем, ки дар ин ҷо фаъолият кунем, аммо дар робита ба 2,5 баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми истихроҷ тайи соли охир захираҳои кон хеле барвақттар ба охир мерасанд, - мегӯяд роҳбари корхонаи «Одина» Қаландар Одинаев.

Роҳбари артели "Одина" Қаландар Одинаев
Asia-Plus

«Мо заминаи хуби техникӣ ташкил карда, ҳайати коргаронамон соҳибтаҷриба аст. Ҷамъ овардани мутахассисони чунин сатҳ хеле мушкил буда, аз ин рӯ, талош дорем, ки қитъаҳои нав гирем», - қайд кард роҳбари корхона. - Ба сохторҳои дахлдор муроҷиат намуда, ба гирифтани посухи мусбат умедворем».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон шумори корагрони ширкат беш аз 100 нафарро ташкил медиҳад. «Мо аз кори дастӣ шурӯъ кардем. Тадриҷан шумори коргаронро зиёд карда, онҳо пешакӣ дар дохили кишвар ва хориҷи он ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, - мегӯяд роҳбари ширкат. - Акнун барои шустани ҷинсҳои кӯҳии тиллодор ду дастгоҳи пуриқтидори саноатӣ дорем».

Чӣ қадар истихроҷ шуд, намегӯем…

Ифшои маълумот дар бораи истихроҷи металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон аз рӯи қонунгузорӣ манъ аст. Аз ин рӯ, доир ба ҳаҷми истихроҷ дар ширкат чизе нагуфтанд. Танҳо зикр гардид, ки дар як мавсим (танҳо тобистон) дар корхона ба ҳисоби миёна то 400 ҳазор метри мукааби ҷинсҳои кӯҳӣ коркард мешавад, ки ҳар кадоме аз онҳо дар таркибаш тақрибан 350 миллиграмм тилло дорад.

Тиллои Шугнов яке аз баландсифаттарин дар Тоҷикистон шуморида мешавад. Аз замонҳои қадим дар ин ҷо металли намунаи олӣ (аз нигоҳи покӣ) истихроҷ мешуд. Ба қавли раҳбарияти корхона, замони шӯравӣ тиллои ин ҷо ба Русия фиристода мешуд, ҳозир ҳама тиллои истихроҷшударо давлат (Вазорати молия) мехарад.

… лекин тилло зиёд аст

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии 5 тонна тилло ва 3,2 тонна нуқра истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 ҳаҷми истихроҷи тилло - 500 кило ва нуқра - 200 кило зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истихроҷи тилло - 21% ва нуқра - 92% афзудааст ва агар чунин суръат то охири сол нигоҳ дошта шавад, ҳаҷми истихроҷи металли №1 соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 6 тоннаро ташкил хоҳад дод.

Дар назар аст, ки аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷи тилло дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 (каме бештар аз 2,4 тонна) 7 баробар афзуда мешавад.

Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки барои афзоиши ҳаҷми истихроҷи тилло аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои бузург дар конҳои Таррор, Чоре, Пакрут ва ғайра дар ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

«Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад, - таъкид доштанд дар ин ниҳод. - Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст».

Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки иҷозатнома барои истихроҷи тилло дар Тоҷикистонро асосан ширкатҳои Чин дастрас мекунанд, ки маъмулан бо намояндагони тиҷорати Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо – КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд

Мустақилона ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тилло машғул шудан қонунӣ мешавад?

Дар ҳамин ҳол, ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар Тоҷикистон барои аҳолиро ояндаи наздик қонунӣ карданианд. Ҳамаи хоҳишмандон мустақилона метавонанд ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тилло машғул шаванд. Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо чунин пешниҳод ба ҳукумат муроҷиат кардааст.

Агар чунин қарор қабул шавад, шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.