Кишоварзони Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро барзиёд иҷро карданд.
Тавре Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба санаи 23 октябр дар ҷумҳурӣ беш аз 356 азор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 0,7% ва қариб 120 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳосили соли гузашта мебошад.
«Бо мусоид омадани боду ҳавои имсола ва риоя намудани агратехникаи парвариши пахта, кишоварзон тавонистанд ҳосилнокии майдонҳои пахтазорро дар ҷумҳурӣ дучанд гардонида, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд», - омадааст дар маълумоти Вазорат.
Гуфта мешавад, имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед аз тамоми воситаю имкониятҳо сари вақт ва самаранок истифода намуда истоданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Суғд 102,4%, вилояти Хатлон 100%, ва дар НТҶ 102,4% иҷро карда шуд. Дар ҷамъоварии ҳосили имсола деҳқонони шаҳри Турсунзода (нақша 17% барзиёд иҷро шуд) ва ноҳияҳои Шаҳринав (16,8% барзиёд) ва Данғара (16,6% барзиёд) натиҷаҳои бештар назаррас ба даст оварданд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 315 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки наздики 90%-и иҷрои нақшаро ташкил дод ва ин ҳаҷм аз ҳосили тирамоҳи соли 2015 қариб 40 ҳазор тонна зиёдтар буд. Он замон ҷамъоварии 390 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шуда, вале ҳамагӣ 270 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ шуда буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста