Суди иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои Вазорати молия нисбати ҶСК «Тоҷиктрансгаз» бобати рӯёнидани 16 млн. сомониро асоснок медонад.
Дар корхона сабаби барнагардонидани воситаҳоро ба он нисбат медиҳанд, ки на ҳама истеъмолгарони газ қарзҳои худро ба корхона пардохт кардаанд. Интиқоли газ ба истеъмолгарон ҳанӯз соли 2012 қатъ шуда буд.
Дар «Тоҷиктрансгаз» бо қарори суди пойтахт қисман розӣ буда, дар ин робита ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки қарзи асосӣ назди Вазоратро эътироф мекунанд, лекин бо фоизҳои гузаронидашуда, ки ҳаҷми умумиаш 6 млн. сомониро ташкил медиҳад, розӣ нестанд ва ҳамчунин мегӯянд, «ба мо ҷаримаҳои гуногуни нофаҳмо пешниҳод мекунанд, ки ба ин ҳам розӣ буда наметавонем».
Алҳол дар зинаи баъдӣ аз болои қарори суди иқтисодии пойтахт даъво кардани «Тоҷиктрансгаз» маълум нест.
Дар корхона қарздори асосӣ - Ширкати алюминии тоҷикро номбар мекунанд, ки то соли 2012 «Тоҷиктрансгаз» ба ин корхона гази Ӯзбекистонро интиқол медод, вале бобати чӣ қадар маблағ қарздор будани ТАЛКО саҳеҳ маълумот надоданд. Ҳалли масъалаи пардохти пулҳои Вазорати молияро дар корхона ба баргардонидани қарзҳои худи корхона марбут медонанд.
Дар ТАЛКО ба қарздорӣ аз «Тоҷиктрансгаз дар ҳайрат шуданд. «Чӣ гуна ТАЛКО барои газ қарздор буда метавонад, агар худаш ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ машғул бошад?», - мегӯяд роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии ширкат Игор Сатторов.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 баъди қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, ТАЛКО барои эҳтиёҷоти худ аз ангишт гази синтезшуда истеҳсол мекунад.
Сатторов ба ҷой доштани қарз назди «Тоҷиктрансгаз» шубҳа дорад, ҳатто аз солҳои пешин низ. Ӯ ваъда дод, ки ин масъаларо саҳеҳ месанҷад ва агар қарз мавҷуд бошад, ҳаҷмашро иловатан хабар хоҳад дод.
Тоҷикистон ба барқарор кардани интиқоли газ аз Ӯзбекистон умедвор аст
Аз соли 2012, замони оғози қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, «Тоҷиктрансгаз» қариб фаъолият намекунад. Тӯли 5 соли охир корхона ба тақсими гази табиии ватанӣ машғул аст, ки дар ҳаҷми начандон зиёд дар вилояти Хатлон истихроҷ мешавад. Ҳаҷми солонаи истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ каме бештар аз 3 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад. Замонҳои пеш қариб ҳамин қадар ҳаҷм гази табиӣ аз Ӯзбекистон танҳо дар як шабонарӯз ворид мешуд.
Ҳамчунин дар «Тоҷиктрансгаз» ба барқарор кардани интиқоли газ аз Ӯзбекистон умедвор буда, ба қавли намояндагони корхона, ин ба пардохти қарзҳои Вазорати молия имкон фароҳам меорад.
Амволро мефурӯшанд, вале на барои пардохти қарз
Қаблан КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ оғози музоядаи фурӯши анборҳои нигаҳдории гази «Тоҷиктрансгаз» дар наздикии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғдро эълон кард.
Нархи аввали анбори нигаҳдории газ дар ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ - 2,2 млн. сомонӣ ва анбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Музоядаҳо санаи 8 ноябр баргузор мешаванд.
Аммо дар «Тоҷиктрансгаз» зикр карданд, ки фурӯши ин иншоотҳо ба масъалаи қарзи корхона назди Вазорати молия ҳеҷ муносибате надорад.
«Ҳарчанд ин иншоотҳо дар тавозуни «Тоҷиктрансгаз» бошанд ҳам, вале соли 2009 баъди навсозии сохтори корхона, онҳо амалан ба давлат тааллуқ доранд ва маблағи бадастомада аз фурӯши онҳо, ба буҷети давлат равона мегардад»,- изҳор доштандар корхона.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
2 года без проверок. Эмомали Рахмон пописал Указ о моратории на все виды проверок предпринимателей
Топ самых используемых приложений, которые облегчили нам жизнь в 2024
Еще жарче: 2024 год стал самым теплым за всю историю наблюдений с 1850-х
«Манчестер Сити» купит узбекского футболиста за рекордную сумму
Global Firepower: Таджикская армия остается самой слабой в Центральной Азии
Франция и Таджикистан: укрепление связей продолжится и в 2025 году
Папа может! Что такое вовлеченное отцовство и почему важно, чтобы оно было в Таджикистане?
Иранская компания планирует производить лифты в Душанбе
В Лос-Анджелесе число жертв пожаров достигло 10 человек
В МВД России отметили снижение количества совершенных мигрантами преступлений
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста